Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Обама аз маҳалли асобати торнадо


Обама дар Тускалуза

Обама дар Тускалуза

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз аёлати аз девбоди торнадо осебдидаи Алабама дидан кард. Тӯфони ахир, ки бадтарин торнадо дар тақрибан 80 соли охир дониста мешавад, ҳудуди 330 кушта ва садҳо захмӣ ба ҷо гузошт. Танҳо дар як аёлати Алабама то 240 нафар дар ин торнадо ҷон бохтанд. Обама зимни боздид аз шаҳри Тускалуза, ки дар ин офати табиӣ дастикам 45 кушта дод, гуфт, офатеро ба чунин ҳадд дар умри худ надидааст ва давлати ӯ барои барқарор кардани авоқиби торнадо ба осебдидагон ёрӣ хоҳад дод. Дар соли 1932 бар асари як торнадо дар Амрико 332 нафар ҳалок шуда буд.
XS
SM
MD
LG