Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чирикиҳо низ пешниҳоди Қаззофиро напазируфтанд


Мухолифини Либия даъвати ҳокими ин кишвар Муаммар Қаззофӣ ба музокиротро радд карданд. Шӯрои миллии гузор, мустақар дар Бенғозӣ гуфт, Қаззофӣ дар ояндаи Либия нақше бозӣ нахоҳад кард. НАТО низ пешниҳоди Қаззофиро радд карда, гуфтааст, бояд аввал нирӯҳои Қаззофӣ ҳамлаҳо ба мардуми мулкиро бас кунанд. Қаззофӣ субҳи шанбе дар як паёми мустақими телевизионӣ ба оташбас ва музокирот бо НАТО даъват кард ва гуфт, “дари сулҳ боз аст.” Вале ӯ афзуд, қасди рафтан аз мақом ё тарки Либияро надорад, балки мардуми Либия ба муҷарради қатъ шудани ҳамлаҳои НАТО худ роҳи ҳалли масоилро пайдо хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG