Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистону Амрико дар бораи мубориза алайҳи маводи мухаддир ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расониданд.

Ин санад аз сӯи Рустам Назаров, раиси Оҷонси назорати маводи нашъаовари назди раисҷумҳури Тоҷикистон ва Марк Дестито, сарвари Раёсати назорати риояи қонунҳо дар бораи маводи мухаддири Амрико дар шаҳри Душанбе имзо шуд.

ТОҶИКИСТОН ВА ИМА ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

Бобоҷон Шафиев, масъули матбуотии Оҷонси назорати маводи нашъаовари назди раисҷумҳури Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, санад, аз ҷумла ҳамкориҳои ду ниҳод дар табодули ахбори фаврӣ - ҷустуҷӯӣ, баргузории тадобири муштарак барои ошкорсозӣ ва ҷилавгирӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили фаромиллӣ, такмили ихтисоси мутахассисон ва кӯмакҳои машваратиро дарбар мегирад: «Дар бораи кӯмакҳои молиявӣ ва техникӣ дар ин санад ҳарфе нест. Ҳамчунин дар бораи ширкати нерӯҳои махсуси ду тараф ҳарфе гуфта намешавад. Аммо он чӣ зикр шуд, бар асоси ҳамкориҳо ду ҷониб аз ин ба баъд пазируфта мешавад.»

Оқои Шафиев афзуд, ҳамкории ин ду ниҳод алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳанӯз соли 2007 шурӯъ шуда буд, вале ин аввалин санади миёни онҳост, ки ба дунболи Созишномаи 8 сол пеши Тоҷикистон ва ИМА дар бораи ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯи кор меояд.

"ОҒОЗИ ДАВРАИ НАВИ ҲАМКОРИҲО"

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо пахши як иттилоъ, ёддошти ҳусни тафоҳум миёни ниҳодҳои вижаи мубориза алайҳи маводи мухаддирро «оғози давраи нави ҳамкориҳо» унвон кардааст. Дар ин хабар омадааст, созишномаи нав муборизаро алайҳи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки равобити миллӣ, минтақаӣ ва байнулмилалӣ доранд ва бо тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсори кимиёӣ, ҳамчунин қочоқи маводи мухаддир тариқи марзҳои байнулмилалӣ машғуланд, тақвият медиҳад.

Тоҷикистон бо Афғонистон, ки бузургтарин тавлидгари маводи мухаддири ҷаҳонӣ унвон мешавад, ҳудуди 1350 километр марз дорад ва як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба бозори сиёҳи Русияву Қазоқистон ва Аврупо шинохта мешавад. Танҳо тайи чор моҳи ахир дар ин марз шаш даргирӣ миёни қочоқбарон ва нерӯҳои амниятии Тоҷикистон иттифоқ уфтодааст, ки бо кушта шудани ду марзбон ба охир расидаанд.

Бо он вуҷуд, ки истеҳсоли маводи мухаддир соли 2010 дар Афғонистон коҳиш ёфт, тибқи иттилоъи расмӣ, тайи чор моҳи соли равон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта боздошти он аз сӯи мақомоти амниятии Тоҷикистон 15 дарсад афзуда, ҳудуди 1,5 тон, бо шумули 142 кило ҳероинро ташкил додааст.

ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ВА АМНИЯТИ МИНТАҚА

Имзои ёддошти тафоҳум барои ҳамкорӣ дар мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир миёни Амрикову Тоҷикистон ҳамчунин дар замоне иттифоқ меафтад, ки дар бораи ноамниҳои эҳтимолӣ дар минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон зиёд сӯҳбат мешавад ва ахиран мақомоти амниятии Қирғизистон низ аз эҳтимоли такрори даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифонаш дар соли ҷорӣ ҳушдор додаанд. Як масъули ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон изҳороти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Кенешбек Душебоевро «ҳарзаи навбатии Бишкек» унвон кард.

Аммо коршиносон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир ҳамкории Амрико ва Тоҷикистон барои тақвияти марз ва мубориза алайҳи қочоқи мухаддир қабл аз ҳама маҳз барои ҷилавгирӣ аз вуруди бархе гурӯҳҳо аз Афғонистон зарур аст. Амруллоҳи Собир, коршинос дар умури амниятӣ мегӯяд, ин ҳамкорӣ далели таҳким ёфтани марзҳо аст: «Даргириҳое, ки дар марз ба назар мерасанд, ба танг шудани мавқеи созмонҳои тундгарову террористӣ дар шимоли Афғонистон марбут аст, ки аксари аъзояшон шаҳрвандони собиқ Шӯравӣ ҳастанд. Онҳо воқеан мушкил эҷод мекунанд, аммо нерӯи ба ҳам задани суботу назм дар Тоҷикистонро надоранд. Ин ҷо кӯмаки Амрико хеле боарзиш хоҳад буд.»

АМАЛИЁТИ "КӮКНОР" ОҒОЗ МЕШАВАД

Ин нукта, ки тиҷорати маводи мухаддир аз манобеъи дарёфти сармоя барои гурӯҳҳои террористиву ҷиноӣ аст, аз сӯи мақомоти баланпояи кишварҳои гуногун бамаротиб зикр мешавад. Дар Тоҷикистон ҳамасола амалиёти вижаи «Кӯкнор» бо ширкати тамоми ниҳодҳои амниятӣ дар саросари кишвар роҳандозӣ мешавад.

Бобоҷон Шафиев, масъули матбуотии Оҷонси назорати маводи нашъаовари назди раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамоҳангсози ин амалиёт аст, мегӯяд, имсол он дар қиёс бо солҳои дигар тӯлонитар хоҳад буд ва аз 1-уми май то 30-юми ноябр идома хоҳад кард.

Ду соли қабл ҳангоми баргузории амалиёти «Кӯкнор», Мирзо Зиёев, собиқ фармондеҳи кулли Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон кушта шуда буд, ки то ба ҳол дар бораи шароити вуқӯъи ин куштор фарзияҳо яксон нестанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG