Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як мизигирд дар Мюнхени Олмон аз 60-солагии Радиои Озодӣ таҷлил кардаанд. Раисиҷумҳури Эстония Тоомас Илвес, ки худ дар гузашта мудири бахши эстонии Радиои Озодӣ буд, дар ин ҳамоиш гуфт, аз 400 миллион нафаре, ки дар авоили солҳои 90 таҳти пӯшиши ин радио қарор доштанд, то имрӯз ҳамагӣ чаҳорякаш ба озодӣ ва демократия расидаанд, вале 300 миллиони боқӣ ҳамчунон дар ҷомиаҳои «қисман озод» ба сар мебаранд. Ӯ афзуд, маъмурияти Радиои Озодӣ, ки ироаи ахбору иттилоъ аст, чун дар 60 соли қабл муҳим боқӣ мемонад.
Ин мизигирд ҷузъе аз маъракаҳои серӯзаи таҷлил аз 60-солагии Радиои Озодӣ дар Мюнхен, қароргоҳи қаблии дафтари марказии ин радиост. Радиои Озодӣ созмони ғайритиҷориест, ки аз сӯи Конгресси Амрико таъмини молӣ шуда, барои 21 кишвар ва ба 28 забон барнома пахш мекунад.
XS
SM
MD
LG