Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО пешниҳоди оташбаси Қаззофиро радд кард


НАТО пешниҳоди оташбаси ҳокими Либия Муаммар Қазофиро радд кард ва гуфт, бояд нирӯҳои Қаззофӣ дар аввал ҳамлаҳои худ болои мардуми мулкиро бас кунанд. Як мақоми НАТО бидуни бурдани ном дар Брюссел ба Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ин паймон хостори “дидани амалҳост, на ҳарфҳо.”
Қаззофӣ субҳи шанбе дар як паём, ки мустақиман тавассути телевизиони Либия нашр шуд, гуфт, “дари сулҳ боз аст.” Вале ӯ афзуд, қасди рафтан аз мақом ё тарки Либияро надорад. Набарди чирикиҳо бо талаби хатми 41 соли ҳукумати Қаззофӣ аз миёнаҳои моҳи феврал ба ин сӯ идома дорад.
XS
SM
MD
LG