Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафтари сиёсии Ҳамос дар Қатар паноҳ хоҳад ёфт


Раҳбари сиёсии Ҳамос Холид Машъал
Раҳбари сиёсии Ҳамос Холид Машъал
Як рӯзномаи арабии чопи Лондон навишт, раҳбарони гурӯҳи фаластинии Ҳамос тарки Сурия карда, дар Қатар мустақар хоҳанд шуд. Ин расона мегӯяд, Қатар дар пайи радд кардани дархости пазироии қаноти ҷангии Ҳамос розӣ шудааст, дафтари сиёсии Ҳамос ба раҳбарии Холид Машъалро бипазирад. Раҳбарони сиёсии Ҳамос аз соли 1999 дар Сурия паноҳ мебаранд. Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки Ҳамос ва Фатҳ, ду гурӯҳи умдаи фаластинӣ, рӯзи чоршанбе дар Қоҳира аз тааҳҳуди худ ба оштӣ баъди 4 соли низоъ хабар доданд. Феълан сарзаминҳои фаластинии каронаи ғарби рӯди Урдун таҳти назорати Фатҳ, вале навори Ғаза дар дасти Ҳамос аст.
XS
SM
MD
LG