Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди тонку зиреҳпӯшҳои бештар ба Даръо


Сокинони шаҳри Даръо дар ҷануби Сурия мегӯянд, ба ин шаҳр нирӯи боз ҳам бештар ворид кардаанд. Як сокини Даръо ба Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ки рӯзи шанбе боз 4 тонку 20 зиреҳпӯш вориди ин минтақаи ошӯбзада шуд. Даръо як маркази умдаи эътирозҳоест, ки 6 ҳафта боз алайҳи режими Башор Асад идома дорад. Режими Асад рӯзи душанбе ба хотири саркӯб кардани эътирозҳо ба Даръо тонку сарбоз фиристод.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, рӯзи ҷумъа дар ҷараёни эътирозҳо дар Сурия беш аз 60 нафар кушта шуданд. Аз оғози эътирозҳои зидди Башор Асад дар ин кишвари арабӣ то 500 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG