Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори омодагии Қаззофӣ ба оташбас бо НАТО


Муаммар Қаззофӣ
Муаммар Қаззофӣ
Ҳокими Либия Муаммар Қазофӣ гуфт, ба хотири поён додан ба ҳамлаҳои ҳавоии НАТО алайҳи нирӯҳояш барои музокирот бо кишварҳои узви ин паймон омода ҳаст. Қаззофӣ гуфт, нирӯҳояш барои имзои қарордоди оташбас омодаанд, вале бояд тамоми ҷонибҳои низоъ ба тирандозӣ поён диҳанд. Қаззофӣ ҳамчунин гуфт, қасди рафтан аз мақом ё тарки Либияро надорад, вале дар сурати қатъи ҳамлаҳои НАТО, мардуми Либия тавони ҳаллли мушкилоти худро хоҳанд дошт. Набарди чирикиҳо бо талаби хатми 41 соли ҳукумати Қаззофӣ аз миёнаҳои моҳи феврал ба ин сӯ идома дорад.
XS
SM
MD
LG