Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Душебоев аз даргириҳои нав дар Тоҷикистон


Кенешбек Душебоев

Кенешбек Душебоев

Мақомоти амниятии Қирғизистон аз эҳтимоли даргириҳои нав дар Тоҷикистон ҳушдор дода, гуфтаанд, маълумоти фаврии бадастовардаи онҳо ҳокист, ки имсол низ байни нирӯҳои давлатӣ ва мухолифин дар ин кишвари ҳамҷавор задухӯрдҳо рух хоҳанд дод. Кенешбек Душебоев, раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дарпарлумони он кишвар бо ёдоварӣ аз даргириҳои ахир дар водии Рашт гуфтааст, иттилоъе, ки онҳо доранд, эҳтимоли такрори чунин даргириҳо дар соли ҷориро низ истисно намекунад. Дар ҷараёни амалиёти зидди гурӯҳҳои мухолиф дар шарқи Тоҷикистон, ки моҳи сентябр оғоз ёфт, ба гуфтаи мақомот, фармондеҳони онҳо Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, дар моҳи январ, ва Мулло Абдулло Раҳимов дар 14 апрел кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG