Пайвандҳои дастрасӣ

“СомонЭйр”, як ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, бар асоси лизинг боз як ҳавопаймои амрикоии “Boeing 757-300” харидорӣ кардааст. «Азия Плюс» аз қавли масъулони «СомонЭйр» навишт, ки ин ҳавопаймо тавассути музокирот бо худи ширкати “Boeing” ба даст омадааст. Ин чорумин ҳавопаймои сохти ин ширкати амрикоӣ дар «СомонЭйр» буда, ба гуфтаи масъулонаш, ғолибан барои анҷоми парвозҳо дар масири Душанбе-Хуҷанд истифода хоҳад шуд. «СомонЭйр» мехоҳад то поёни соли ҷорӣ боз 3 “Boeing”-и дигар бигирад.
XS
SM
MD
LG