Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва ИМА


Тоҷикистон ва Амрико рӯзи 29-уми апрел Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар бахши муомилоти маводи мухаддирро ба имзо расониданд. Ин Ёддоштро аз ҷониби Тоҷикистон Директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон генерал-лейтенант Р.Назаров ва Директори иҷроияи ДЕА ИМА ҷаноби М.Дестито имзо намуданд. Ёддошти мазкур бахшҳои мухталиф аз ҷумла табодули ахбори фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, криминалӣ, баргузории чорабиниҳои якҷояи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба ошкорсозӣ ва пешгирии роҳҳои ғайриқонунӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили трансмиллӣ, расонидани иттилоъ дар бораи омодагӣ ба содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротие, ки шаҳрвандони ду тараф ба он даст доранд, инчунин табодули таҷрибаи корӣ аз роҳи баргузории вохӯриҳои якҷояи корӣ, ҷаласаҳо, конфронсҳо ва семинарҳо ва мусоидат ба тайёр кардани кадрҳо ва расонидани кӯмакҳои машваратиро дар бар мегирад.

Ёддошти тафоҳум дар асоси Созишнома миёни Тоҷикистон ва ИМА дар бораи ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки 27 январи соли 2003 имзо шудааст, сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG