Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳазорон эътирозгар дар шаҳрҳои гуногуни Сурия ба хиёбонҳо омада ва хостори тағйири низом шуданд.

Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", эътирозгарони суриягӣ дар тазоҳуроти худ эълом карданд, ки аз "мардуми бепаноҳ ва шаҳрвандони Сурия" дар шаҳри Даръо, ки ба муҳосираи тонкҳо даромадаанд, дифоъ хоҳанд кард.

Мӯътаризон дар шаҳри Сабғо, дар наздикии Димишқ низ фарёд мезаданд, ки "мардум хоҳони сарнагунии режими Башшор Асад ҳастанд."

Беш аз 500 тан дар ҷараёни эътирозҳои шаш ҳафтаи пеш, ки аз шаҳри Даръо дар ҷануби Сурия оғоз шуд, кушта шудаанд.

Тазоҳуроти рӯзи ҷумъа, 29-уми апрел, дар шаҳрҳои Ҳимо, Бонёс ва Ҳароса ҳам баргузор шудааст. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар Лозиқияи садои тирандозии нерӯҳои низомӣ ва интизомӣ шунида шуда ва дар Димишқ ду даста тазоҳурот ҳам ба роҳ афтодааст. Шуморе аз шоҳидони айнӣ аз Даръо мегӯяд, нерӯҳои амниятӣ бо булдозер миёни тазоҳуркунандагон мераванд то онҳоро пароканда кунанд.

Абу Муҳаммад, яке аз шоҳидони айнӣ ба шабакаи телевизионии Алҷазира гуфтааст: «Тирандозон рӯи деворҳои сохтмонҳои баланд дар Даръо мустақар шудаанд ва мӯътаризонро ҳадаф қарор медиҳанд.»

Шоҳидони айнӣ мегӯяд, роҳҳо ва ҷодаҳо ба сӯи Димишқ баста шуда ва нерӯҳои низомӣ дар ҳоли гаштзанӣ дар атрофи пойтахт ҳастанд.

Висом Таъриф, раиси Созмони ҳуқуқи башар дар Сурия ба Ройтерз гуфтааст, ки «Рӯи сохтмонҳои баланд дар Димишқ метавон тирандозонро дид, дар ҳоле, ки шумори зиёди тирандозон дар Ҳароса, Дироя ва Думо мустақар шуда ва мӯътаризонро ҳадаф қарор медиҳанд.»



Ҳафтаи гузашта шуморе аз аъзои ҳизби «Ал-Баъс» дар эътироз ба хушунатҳо ва саркӯбиҳои ҳукуматӣ истеъфо кардаанд, ки охирин омор аз 233 мавриди истеъфои ҳукуматӣ ҳикоят дорад. Нахуствазири Қатар дархост карда буд Сурия гуфтугӯи созандае бо мухолифон ва мӯътаризон дар дохили кишвар дошта бошад.

Иттиҳодияи Аврупо эълом кардааст, ки иқдомоти танбеҳӣ алайҳи Башшор Асад ва ҳукумати ӯро дар дастури кор қарор дода ва Шӯрои ҳуқуқи башари СММ низ нишасти изтирорӣ дар мавриди Сурия ташкил додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG