Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо вуҷуди талошҳо барои ҷилавгирӣ аз ҷаҳиши қиммати бензин, нархи ин навъи сӯзишворӣ рӯ ба афзоиш аст.

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон, рӯзи 29-уми апрел қиммати бензини навъи 95 ба панҷ сомонӣ расида буд.

БЕНЗИН ҚИМАТ МЕШАВАД

Яке аз фурӯшандаҳо дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки ҳарчанд ҳоло вазъ мӯътадил ба назар мерасад, вале ширкатҳои воридкунандаи бензин аз қиматҳои дигар сӯҳбат мекунанд.

Ба гуфтаи вай, феълан камбуди бензин мушоҳида намешавад ва ҳамаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо бензин таъмин ҳастанд вале танҳо нарх боло рафта истодааст ва дар ҳафтаи оянда имкон дорад қимати бензини навъи 95 ба шаш сомонӣ расад.

ЗАХИРАИ ЯК МОҲАИ БЕНЗИН ...

Дар ҳамин ҳол Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, ки бо қатъ шудани содироти бензини Русия, воқеан мушкил пеш хоҳад омад, вале Тоҷикистон барои як моҳ захираи лозима дорад, ки аз муташанниҷ шудани вазъ пешгирӣ кунад.

Бахтиёр Назирмадов, сардори раёсати Вазорати рӯшди иқтисод ва савдои Тоҷикистон оид ба омӯзиши вазъи бозорҳо ва ҳамоҳангсози бахши тиҷорат дар робита ба ин гуфт: «Бале захираи бензине, ки мо дорем дар моҳи май мерасад, кифоя мекунад, лекин нархи бензин боло хоҳад рафт, зеро ҳукумати Русия молиёти содироти бензинро боло мебарад ва ин ба таври худмонӣ қимати маводи сӯхтро гаронтар мекунад. Мо талош дорем ва чораҳо ҷуста истодаем, ки ба мушкил шудани вазъ роҳ надиҳем ва мизони нархро ҳам назорат мекунем.»

Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, ки ҳукумати Русия шурӯъ аз аввали моҳи май боҷи содироти бензинро 44 дар сад боло хоҳад бурд. Зеро дар моҳи оянда Русия бар болои боҷи содироти нафтӣ 30 доллар хоҳад афзуд. Ва қимати як тон бензин ба 408.3 доллар баробар хоҳад шуд.

ВОБАСТАГИИ ШАДИД БА БЕНЗИНИ РУСИЯ

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ҳудуди 80 дарсади маводи сӯхти худро танҳо аз Русия ворид мекунад ва як бахше аз талабот ба маводи сӯхти худро аз Туркманистон ва Қазоқистон пурра менамояд.

Ширкати «Газпромнефт»-и Тоҷикистон мегӯяд, ки аз маҷмӯи маводи сӯхте, ки вориди кишвар мешавад, ҳудуди 40 дарсади онро ин ширкат ба Тоҷикистон ворид мекунад.

Эраҷ Басиров, сармутахасиси бахши равобит бо ҷомеаи ин ширкат мегӯяд, ки тасмими Русия дар мавриди қатъи содироти бензин ба хориҷ як иқдоми ногаҳонӣ буд. Аз ин рӯ онҳо имкони захираи бензинро барои моҳи май надоштанд.

Вай меафзояд: «Дар ҳақиқат барои мо ногаҳонӣ буд ва агар худо нахоста содироти бензин маҳдуд карда шавад, мо метавонем то қадри имкон аз захираи ширкати худамон, ки дорем дар моҳи май ба фурӯш барорем. Русия барои кишварҳое, ки узви Иттиҳоди гумрукӣ нестанд ҳар сол боҷи содироти нафтро боло мебарад. Фикр мекунам, ки то моҳи май ва дар ибтидои моҳи май қимати бензин аз панҷ сомонӣ то ба шаш ва ҳатто аз он ҳам гаронтар шавад.»

УЗБАКИСТОН ҲАМ БОҶИ ТРАНЗИТИРО АФЗОИШ ДОДААСТ

Ҷаноби Басиров меафзояд, ки бар иловаи боҷҳои Русия, ахиран афзоиши боҷи транзитӣ аз тарафи Узбакистон бар мушкилӣ мушкил афзун мекунад.

Дар ҳоли ҳозир ширкатҳои дигаре, ба мисли "Аноҳито", "Умед 88", "Нури дилшод", "Oil International", ки ба Тоҷикистон маводи сӯхт ворид мекунанд, болоравии қимати бензинро дар моҳи майро рад намекунанд.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, субҳи рӯзи ҷумъаи 29-уми апрел, мавзӯи мазкур дар ҳузури нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо ширкати намояндагони мақомоти зидахли ин кишвар баррасӣ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG