Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ - макони кадрҳои соҳаи варзиш


Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов макони тайёр намудани кадрҳои соҳаи варзиш аст.

Ин нукта дар гузориши Шодӣ Сафаров, раиси ин донишкада, дар як нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 29-уми апрел дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, таъкид шуд.

Ҷаноби Сафаров афзуд: «Дар айни ҳол дар чаҳор факултаи донишкада 3054 донишҷӯ таҳсил менамояд, ки ба онҳо 167 нафар устодон таълим медиҳанд. Ҳудуди 70 нафар донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба ҳайати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дохиланд. Муродҷон Тӯйчиев дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин дар риштаи гуштии юнониву румӣ барандаи медали биринҷӣ гардид. Мавзуна Чориева дар риштаи бокс ба унвони қаҳрамони Осиё миёни занон даст ёфт. Ҳарду ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини соли 2010-ум дохил шуданд. Ҳамчунин донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Зиёратшо Баротов, Умеди Аҳмад, Наҷибуллоҳи Ҳабибулло, Нусратулло Маҳмудов, Иброҳим Ҷабборов, Фарҳоди Умарзода, Эраҷ Азизов, Икром Атоев ва Нурдиддин Алиназаров дар мусобиқоти мухталифи ҷумҳуриявию байналмилалӣ муваффақ гаштаанд”.

Шодӣ Сафаров, инчунин, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки моҳи октябри соли ҷорӣ Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ҷашни 40-солагиашро таҷлил хоҳад кард ва ба ин муносибат як қатор чорабиниҳо баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол Спартакиадаи донишкада аз рӯи 12 навъи варзиш ҷараён дорад.

Вале дар дар ин нишаст таъкид шуд, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба иншооти замонавии варзишӣ, бахусус, ҳавзи шиноварӣ ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG