Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми додгоҳ ба қотилони Маркелов ва Бабурова


Никита Тихонов ва Евгения Хасис дар ҷаласаҳои қаблии додгоҳ, 11-уми январи соли 2011.

Никита Тихонов ва Евгения Хасис дар ҷаласаҳои қаблии додгоҳ, 11-уми январи соли 2011.

Ҳайати мунсифа як миллатгарои русро гунаҳкор ва дӯстдухтари ӯро шарики ҷиноят донист.

Ду миллатгарои рус, Никита Тихонови 30-сола ва дӯстдухтари ӯ Евгения Хасис ба қатли пурсару садои вакили мудофеъ Станислав Маркелов ва хабарнигор Анастасия Бабурова муҷрим эълон шуданд.

Фаъолони ҳуқуқи башар аз ҳукми ахир ҳамчун намунаи беназири адолат дар додгоҳҳои кишвар истиқбол карданд.

Ҳарчанд Никита Тихонов ва Евгения Хасис дар муҳокима худро бегуноҳ эълон карданд, додрасон пайванди ин ҷуфт ба гурӯҳҳои тундрави миллатгаро ва аз тарафи онҳо ба қатл расидани ҳомии ҳуқуқи ақаллиятҳо Станислав Маркеловро дар сархатти ҳукм қарор доданд.

Додситон Борис Лактионов аз ҳукми додгоҳ, ҳамчун бархӯрди одилона ба қазия ситоиш кард: “Ҳукм одилона аст. Ҳайати доварон тасмими оқилона гирифт ва дар ин қазия нуқтаи таммат гузошт. Ҷазо одилона ва мувофиқ ба ҷинояти содиркардаи онҳо хоҳад буд.”

Маркелов моҳи январи соли 2009, дар рӯзи
Расми дафни Маркелов дар Маскав, 23-юми январи соли 2009.
рӯшан, чанд лаҳза баъди берун шудан аз толори нишасти матуботӣ дар маркази Маскав кушта шуд. Хабарнигор Бабурова, ки барои нашрияи мухолифон “Новая газета” бо Маркелов сӯҳбат анҷом дода буд, дар ҳоли ҳимоят кардан аз вакили мудофеъ ҳадафи тир қарор гирифт.

Марги Маркелов аз силсилаи қатлҳои пурсарусадо буд, ки ҷомеаи Русияро такон дод. Ба ин силсила куштори рӯзноманигори машҳур Анна Политковская дар моҳи октябри соли 2006 ва фаъоли ҳуқуқи башар Наталия Эстемирова дар моҳи июли соли 2009 низ шомиланд.

Дар фосилаи кӯтоҳ аз марги худ Маркелов аз маҳбас озод шудани сарҳанги рус Юрий Будановро маҳкум кард, ки дар куштори духтари 18-солаи чечен муттаҳам мешуд.

Ин қазияи мудҳиш, ҳамчун намунаи бемуҷозотӣ ва хилофкориҳои нирӯҳои Русия дар Қафқози Шимолӣ шинохта шудааст ва баъзе ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, Маркелов мехост, озодии Буданов аз зиндонро ба чолиш бикашад ва ин иқдом ба марги ӯ сабаб шуд.

Фаъолони ҳуқуқи башар низ аз ҳукми додгоҳ ҳамчун қазовати одилонаи камназир дар додгоҳҳои кишвар, ҳимоят карданд.

Олег Орлов, раҳбари созмони "Мемориал"
Олег Орлов, раҳбари созмони ҳуқуқи башари “Мемориал” гуфт, ”мо метавонем бо итминон бигӯем, ки дар курсии ҷинояткорӣ на афроди тасодуфӣ, балки ҷинояткорони воқеӣ нишастаанд.”

Михаил Маркелов, бародари вакили қатлшуда гуфт, мутмаин аст, ки бародари ӯро ҳамин нафарҳо ба қатл расонидаанд.

“Бовар кунед, ман бештар аз дигарон ба ҳукми одилонаи додгоҳ манфиатдор будам. Ва агар медонистам, ки ин нафарҳо ҷурм надоранд, ба дигар кардани ҳукми додгоҳ сайъ мекардам.”

Аммо ҷараёни додгоҳ ва муҷрим шинохтани ин ду нафар ҳамеша нарму ҳамвор набуд. Як нафар за собиқ ҳайати мунсифа ба матбуот гуфтааст, ба ӯ фишор овардаанд, то қазияро бо муҷрим шинохтани гумонбаршудаҳо ҳал кунад. Шоҳидони калидӣ аз ҷониби додситонӣ низ гуфтаанд, ки зери фишор шаҳодат додаанд.

Аммо Роман Карпинский, вакили хонаводаи Маркелов гуфт, ин далел, ки ҳайати мунсифа ба ду гурӯҳи 7 бар 5 ҷудо шуданд, баёнгари он аст, ки ҷараён одилона буд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар додгоҳ мегӯяд, ҳайъати мунсифа маҷбур шуд, ду дафъа танаффус эълон кунад. Дар ибтидо додгустар ҳукми онҳоро ҳамчун “ҳукми норӯшан” напазируфт ва ҳукми ниҳоӣ нимашаби паҷшанбе ба ҷумъа эълон шуд.

Ҳайати мунсифа ҳамчунин қарор кард, ки Тихонов ва дӯстдухтари ӯ сазовори шафқат нестанд. Ин ба маъноест, ки эҳтимолан Тихонов ҳукми ҳабси якумрӣ мегирад. Вакили мудофеи Тихонов иддао кардааст, ки дар ин мурофиа ҳамдилии додгустар бо додситон рӯшан ба назар мерасид.

Тихонов, фарзанди собиқ афсари хадамоти истихборотии Русия ва хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав, ҷурми худро дар заминаи фурӯши силоҳи ғайриқонунӣ ва асноди тақаллубӣ таъйид кард. Аммо гуфт, ки дар марги Маркелов ва Бабурова даст надорад.

Дар ибтидо бисёре аз нозирон бо ишора ба шеваи хунсардона ва ҳирфаии қатл дар рӯзи рӯшан ин ҷиноятро ба хадамоти истихборотии Русия рабт медоданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG