Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди Раҳмон аз арӯсии хонадони салтанатии Британия


Рӯзи ҷумъа Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз арӯсии хонадони салтанатии Британия интиқод кард ва гуфт, ин арӯсӣ дар худ тамоми нишонаҳои режими тоталитариро таҷассум кардааст. Вай ин нуктаро дар маросими бузургдошт аз 15-ӯмин солгарди ташкили Шӯрои Ҷамъиятии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе изҳор дошт. Дар ин бора хабаргузории AFP иттилоъ додааст. Вай дар ин солгард гуфт, тааҷҷуб мекунад, ки чаро матбуоти саросари ҷаҳон ба ин маросими хонадони салтанатии Британия таваҷҷуҳ доранд. Вай гуфт, чунин маросими бошукӯҳ дар айёми бӯҳрони иқтисодӣ ва мушкилиҳои дигари саросарӣ, аз қабили хушксолӣ ва мушкилиҳои ниругоҳи ҳастаии Фукушимаи Ҷопон муносиб нест.
XS
SM
MD
LG