Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳмон хостори идомаи фаъолияти Шӯрои Ҷамъиятӣ шуд


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, идомаи фаъолияти муассири Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон беш аз ҳар вақти дигар барои ин кишвар зарур аст:

“Вазъияти кунунӣ талаб мекунад, ки ваколату масъулият ва вазифаҳои Шўрои ҷамъиятӣ баробар бо сатҳи пешрафти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар дақиқ муайян карда шаванд, то ки ин ниҳод дар ҷомеа нақши махсуси худро иҷро карда тавонад”.

Вай ин нуктаро дар маросими таҷлил аз 15-ӯмин солгарди ин шӯро рӯзи ҷумъа изҳор дошт. Ба гуфтаи оқои Раҳмон, ақидаҳо дар ин бора, ки ин шӯро бо имзои созишномаи сулҳи тоҷикон ва расидан ба сулҳу салоҳ аҳамияти худро аз даст додааст, ба воқеият дуруст намеояд. Оқои Раҳмон таъкид кард, ки ваҳдати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нируҳои сисёсии Тоҷикистон барои рушди Тоҷикистон зарур аст. Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба узвияти ин шӯро надаромадааст. Соли гузашта ба нишонаи эътироз бар зидди тақаллуб дар натиҷаҳои интихоботи порламонӣ Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва Ҳизби Демократи Тоҷикистон аз ин шӯро хориҷ шуданд.
XS
SM
MD
LG