Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба зарурати идомаи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ таъкид кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими 15-умин солгарди таъсиси ин Шӯро гуфт, ки агарчанд мақсади аслии эҷоди ин Шӯро мусоидат барои дастрасӣ ба сулҳ ва ризояти ҷомеа буд, аммо рисолати он то ҳанӯз анҷом нашудааст.

Ҷаноби Раҳмон афзуд, Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон бояд бо таҷриба ва саҳву хатои гузаштаи худ, ба фаъолияти худ идома диҳад. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо медиҳад, ки як қатор чеҳраҳои сиёсӣ ва коршиносон рисолати ин ниҳодро анҷомшуда номиданд ва бақои онро ба ислоҳу дигаргунии куллии таркибу шеваи кораш бастагӣ додаанд.

Вокуниши Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократро аз ин ҷо бишнавед:



ТАЪКИД БА ЗАРУРАТИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ

Ӯ гуфт: «Вазъияти кунунӣ талаб мекунад, ки ваколату масъулият ва вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ баробар бо сатҳи пешрафти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвра дақиқ муайян карда шавад. Ман фикр мекунам мо дар ин 15 сол корҳои зиёди хуберо ба анҷом расонидем. Ин пеш аз ҳама ҳамкории раҳбари давлат бо ҳамаи қишрҳои ҷомеа, махсусан бо раҳбарони аҳзоби сиёсӣ аст.»

Ин нуктаҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон аз ширкат дар кори шӯро даст кашида, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба узвияти Шӯрои ҷамъиятӣ (ШҶ) пазируфта нашудааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар посух ба суоли аъзои ШҶ дар робита ба ҳизбҳое, ки аз ин Шӯро берун рафтаанд низ изҳори назар кард. Ӯ гуфт, он аҳзоб бо танг дидани мавқеъи худ дар ин Шӯро тасмим гирифтаанд аз он хориҷ шаванд. Вай афзуд: «Доираи онҳо дар ин ҷо маҳдуд шуд. Ва ҳадафи онҳо зидди аҳдофи Шӯрои Ҷамъиятӣ аст.»

МУХОЛИФОНИ ПЕШИН ВА ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ...

Ҷаноби Раҳмон дар бахши дигаре аз суханони худ ба чолишҳои пеши рӯи ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ҳаводиси шарқи Тоҷикистон, таҳаввулоти Ховари Миёна ва Шимоли Африқо пардохт.

Ӯ гуфт, мухолифони пешини давлат ҳадафи бунёди давлати исломиро доштанд ва ҳанӯз ҳам аз ин қасди худ даст бар надоштаанд. Раҳмон дар айни ҳол гуфт, ки идеяи «террористони исломӣ» як мафҳуми сохта аст, ки баъди аз миён рафтани ҷанги сард ва хатари коммунизм бояд ба миён меомад.

"ФАРЗАНДОНИ МУЛЛО АБДУЛЛО БЕСАРПАНОҲ НАМОНАНД"

Эмомалӣ Раҳмон зимни ишора ба ҳаводиси шарқи Тоҷикистон гуфт, ки ба мақомот дастур додааст, ки фарзандони Мулло Абдуллоро бесарпаноҳ намонанд ва онҳоро ба тарбия ва парвариш фаро бигиранд. Зеро агар онҳо бесарпараст бимонанд боз Мулло Абдуллои дигар мешаванд.

Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон имрӯз аз 15 солагии таъсиси худ таҷлил кард. Ин Шӯро дар соли 1996 ба думболи имзои Аҳдномаи ризояти миллӣ аз сӯи аҳзоби сисёсӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ ба мақсади мусоидат ба бунёди ҷомеъаи маданӣ ва дастёбӣ ба сулҳ таъсис шуда буд. Аҳзоби мухолифи давлат, ки он замон дар хориҷ аз кишвар фаъол буданд, баъди имзои Созишномаи сулҳ ба ин аҳдома пайвастанд.

ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА ҲИЗБҲОИ ДИГАР

Аммо акнун муҳимтарин ҳизби мухолиф ҲНИТ ва инчунин ҲДТ, ки ба чанд шоха тақсим шудааст, узвияти худ дар ин шӯроро ба далели тақаллуб дар интихоботи соли гузаштаи парлумон қатъ намуданд. ҲСДТ низ ба унвони як ҳизби сиёсии мухолифи давлат узвияти ин шӯроро надорад.

Мухолифон мегӯянд, ки Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон ба далели он, ки масоили муҳим дар он мавриди баҳс қарор намегирад ва он умдатан зери назари давлат аст ва барномаҳои давлатро таъйид мекунад, зарурате ба вуҷуди он намондааст. Бархе дигар аз аъзои ин шӯро ба зарурати бозсозӣ ва ислоҳот дар ШҶ таъкид мекунанд, аммо дар ҷаласаи имрӯз ҳарфе аз ислоҳот набуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG