Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Минск 2 нафар ба терроризм муттаҳам шуданд


Хабаргузории давлатии Беларус бо номи БелТА рӯзи ҷумъа гуфт, ки ду шаҳрванди ин кишвар ба таври расмӣ барои бамгузории 11-ӯми апрел дар метрои Минск муттаҳам ба терроризм шудаанд. Дар ин бамгузорӣ 14 нафар кушта шуданд. Ҳукми муттаҳамон аз 8 соли зиндон то эъдом пешбинӣ шудааст. Хабаргузории Беларус аз номи Андрей Швед-муовини додситонии кулли ин кишвар нақли қавл кардааст ва гуфтааст, ки ин ду нафар “ҳамлаи террористиро анҷом додаанд ва дар ин ҳамла одамон кушта шудаанд ва харобиҳои зиёд ба бор омадааст”. То ҳол ин ду нафар, ки аз онҳо ном бурда намешавад, ба эҳтимоли ширкат дар ин ҳамла дар зиндон нигаҳдорӣ мешуданд.
XS
SM
MD
LG