Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маросими арӯсии шоҳзода Виллям ва Кейт дар Лондон


Ҳаводорони маросими арӯсӣ

Ҳаводорони маросими арӯсӣ

Гурӯҳҳои бузурги ҳаводорон дар Лондон ҷамъ мешаванд, то маросими арусии шоҳзода Виллям ва арӯси вай Кейт Мидлтонро ҷанш гиранд. Шоҳзода Виллям баъд аз падараш Чарлз барои нишастан дар тахти шоҳӣ нафари дуввуми ин хонадон мебошад. Маросими арусӣ дар ҳузури 1 900 меҳмон дар калисои Вестминстер Аббей оғоз шудааст. Шоҳзода Виллям 28 сола аст ва арӯси вай Кейт 29 сол дорад. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки дар Лондон 600 000 нафар бар ҷараёни маросимҳои вижаи арусӣ назора мекунанд. Даҳҳо миллион нафари дигар ин маросимро аз телевизион тамошо мекунанд. Аъзои хонаводаи салтанатӣ аз саросари ҷаҳон ба ин маросим даъват шудаанд.
XS
SM
MD
LG