Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

480 асби Тоҷикистон ба Узбакистон қочоқ шудааст


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки як сокини ноҳияи Истарафшан 480 асбро ба Узбакистон қочоқ кардааст. Вай ин асбҳоро аз моҳи май то моҳи ноябри соли 2008 ба маблағи 270 ҳазор доллар аз бозорҳои Тоҷикистон харидааст. Ин шаҳрванд, ки аз вай ном бурда намешавад, асбҳоро дар ноҳияи Ховаси вилояти Сирдарё ба савдо задааст. Вале ҳангоми убури навбатии марзи миёни ду кишвар боздошт шудааст. Коршиносон гуфтаанд, ин сокини ноҳияи Истарафшан бидуни кӯмаки марзбонон наметавонист ин миқдор асбро аз марз берун бибарад. Хабаргузории РЕГНУМ аз қавли вазорати дохилии Тоҷикистон дар ин бора хабар додааст.
XS
SM
MD
LG