Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузориши кумиссиюни Амрико дар бораи озодии мазҳаб


Кумиссиюни давлатии Амрико пешниҳод кард, ки Миср аз лиҳози озодии мазҳаб дар феҳристи бадтарин кишварҳо ҷой дода шавад, зеро дар ин кишвар ҳамла ба пайравони дини масеҳӣ афзоиш ёфтааст. Кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико рӯзи панҷшанбе дар ин бора пешниҳодҳоро дар гузориши солонаи худ ба дафтари Барак Обама-раиси ҷумҳур фиристод. Ин кумиссиюн таҳқиқот дар бораи озодиҳои мазҳабиро дар 28 кишвар анҷом додааст. Дар гузориш омадааст, нақзи хашини озодиҳои мазҳабӣ дар Миср пеш аз тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди режими Ҳуснӣ Муборак ва ҳам баъд аз он мушоҳида шудааст. Дар миёни кишварҳое, ки вазъи озодии мазҳаб бад аст, Чину Узбакистон, Туркманистону Ироқ ва Эрону Покистон қарор доранд.
XS
SM
MD
LG