Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар канори Кохи Букенгеми Лондон ҷой барои сӯзанпартоӣ ҳам пайдо нахоҳад шуд.

Садҳо ҳазор нафар барои тамошои тӯйи арӯсии шоҳзодаи Бритониё Вилям ва номзадаш Кейт Мидлтон ба ин ҷо омадаанд.

Шоми дирӯз шоҳзода Вилям ғайримунтазира аз Кохи Букенгем берун шуд ва бо садҳо нафаре, ки як рӯз пеш аз маросим дар канори қаср хайма задаанд, мулоқот орост.



Ӯ бо сайёҳони зиёди хориҷӣ акс гирифт ва изҳор намуд, ки дар ҷараёни ақди никоҳ ӯ бояд фақат матнро бидуни иштибоҳ қироат кунад.

ҶАШНИ АРӮСИИ ОЛУДА БО СИЁСАТ

Ба тӯйи шоҳзода Вилям ба Лондон 36 узви хонаводаҳои салатанатӣ аз ҳама гӯшаҳои олам даъват шудаанд. Миёни 1900 нафари даъватшуда раҳбарони тақрибан 50 кишвар ҳам ҳастанд.

Арӯсу домод ҳамчунин дӯстону пайвандонашон, афроди маъруф, ситораҳои ҳунару варзиш ва наздикони низомиёни бритониёвӣ – қурбониёни ҷанги

Афғонистонро ба тӯй даъват кардаанд.

Ва аммо ба назар мерасад, ки ин ҷашни арӯсӣ бо сиёсат ҳам рабт гирифтааст, ба навиштаи хабаргузориҳо, дар лаҳзаҳои ахир вазорати умури хориҷии Бритониё даъватномаи сафири Сурия дар Лондонро лағв кард.

Барои пахши ин тӯйи бошукӯҳ гурӯҳҳои наворбардори ҳама шабакаҳои бузурги телевизионии олам ба Лондон омодаанд.

Ҳадс зада мешавад, ки пахши мустақими телевизионии тӯйи шоҳзодаи Бритониёро 2 миллиард нафар дар сартосари олам тамошо хоҳанд кард.

ЭСТЕБАЛИС БА ОРЗУЯШ РАСИД

Тақрибан 600 ҳазор нафар сайёҳон маҳз ба хотири ин сӯри арӯсӣ вориди Лондон шудаанд. Ба ин хотир полис Бритониё дар ҳоли омодабош қарор дорад – Скотланд Ярд эълом дошт, ки аз ҳама гуна талошҳои халалдор кардани тартибу низом дар Лондон ҷилавгирӣ хоҳад кард.

Миёни сайёҳони хориҷӣ дар канори Кохи Эстебалис Чавеси 19 сола ҳам хоҳад буд. Эстебалис баъд аз он дар сартосари Мексика маъруф шуд, ки ба хотири дарёфти даъватнома ба ҷашни арӯсӣ дар канори бинои сафорати Бритониё дар Мехико 16 рӯз гуруснанишинӣ кард.

Ин гуна садоқати Эстебалис сиёсатмадори мексикоӣ Октавио Лазро такон дод ва ӯ ваъда кард, ки маблағи парвози Чавес то Лондон ва бозгашт то Мехикоро пардохт мекунад.

Эстебалис Чавес мехоҳад ба шоҳзода Вилям ва Кейт Мидлтон тасвири арусу домодро тақдим кунад, зимнан ӯ расми онҳоро ҳангоми гуруснанишинӣ кашидааст.

Зимнан, ҳангоми гуруснанишинӣ кормандони сафорати Бритониё ба ӯ ба такрор мегуфтанд, ки ӯро ба ин сӯри арӯсӣ даъват нахоҳанд кард ва талошҳояш беҳуда аст.

Эстебалис Ҷорҷина Чавес дар маҳаллаи фақири воқеъ дар шимоли Мехико ба сар мебарад ва ба хонаводаи шоҳигарии Бритониё таваҷҷуҳи зиёд дорад. Дар чаҳор девори манзили хоксораи ӯ тасвирҳо аз хонаводаи шоҳигарии Бритониё овехта шудаанд.

АРӮСУ ДОМОД АББАРО ПАЗИРУФТАНД?

Маросими арӯсӣ дар ибодатгоҳи Вестминстер имрӯз соати 11 ба вақти Бритониё ё соати 3-и баъд аз зӯҳр ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад ва як соату 15 дақиқа идома меёбад. Баъд аз он арӯсу домод ба Кохи Букенгем раҳсипор мешаванд.

Шоми имрӯз дар Кохи Букенгем маҳфили арӯсӣ баргузор хоҳад шуд. Ба навиштаи хабаргузории ИТАР-ТАСС, ба ин маҳфили созмондодаи падари домод - шоҳзодаи Уэлс Чарлз 300 нафар даъват шудаанд. Яке аз кормандони Кохи Букенгем гуфтааст, ки шом ин қаср ба майдони бузург рақс табдил хоҳад шуд.

Шоҳзода Вилям ва арӯсаш Кейт Мидлтон барои ин маҳфили арусӣ таронаҳои гурӯҳи маъруфи АББА-ро интихоб кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG