Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз шоҳзода Вилям ва Кейт Мидлтон арӯсӣ мекунанд


Имрӯз тӯйи арӯсии шоҳзодаи Бритониё Вилям ва номзадаш Кейт Мидлтон баргузор мешавад.

Шоми дирӯз шоҳзода Вилям ғайримунтазира аз Кохи Букенгем берун шуд ва бо садҳо нафаре, ки як рӯз пеш аз маросим дар канори қаср хайма задаанд, мулоқот орост. Ӯ бо сайёҳони зиёди хориҷӣ акс гирифт ва изҳор намуд, ки дар ҷараёни ақди никоҳ ӯ бояд фақат матнро бидуни иштибоҳ қироат кунад.

Ба тӯйи салтанатӣ ба Лондон 36 узви хонаводаҳои салатанатӣ аз ҳама гӯшаҳои олам даъват шудаанд. Миёни 1900 нафари даъватшуда сарони тақрибан 50 кишвар ҳам ҳастанд.

Маросими арӯсӣ дар ибодатгоҳи Вестминстер имрӯз соати 11 ба вақти Бритониё ё соати 3-и баъд аз зӯҳр ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад ва як соату 15 дақиқа идома меёбад. Баъд аз он арӯсу домод ба Кохи Букенгем раҳсипор мешаванд.

Шоми имрӯз дар Кохи Букенгем маҳфили арӯсӣ баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG