Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои амнияти СММ ва Дабири Кулли СММ Бан Ки Мун ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Марокашро маҳкум ба пайвандони қурбониён изҳори тасаллият карданд.

Бар асари таркиш дар пойтахти Марокаш, бар пояи ахбори ахир, 15 нафар, аз ҷумла, шаш шаҳрванди Фаронса ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳодиса 20 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Таркиш дар қаҳвахонаи «Аргона», ки миёни сайёҳони хориҷӣ маъруф аст, рӯх додааст.

Мақомоти Марокаш ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ унвон кардаанд - ҳадс зада мешавад, ки як маргталаб худро мунфаҷир кардааст. Ва аммо масъулияти таркишро то ҳол гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG