Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама вазири нави дифоъ ва раиси СIA-ро таъин кард


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, номзадии Леон Панеттаро ба мақоми вазири дифоъи кишвар пешбарӣ кард.

Тибқи як амри дигари Обама мақоми феълии Панетта – раёсати CIA ё Хадамоти марказии кашфро Дэвид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои кишвар дар Афғонистон, ишғол хоҳад намуд.

Рӯзи панҷшанбе Кохи Сафед ҳамчунин эълом дошт, ки яке аз собиқадорони дипломатияи кишвар Райан Крокер сафири Амрико дар Афғонистон таъин мешавад.

Ҳамаи номзадҳо бояд аз сӯи Сенати Амрико пазируфта шаванд.
XS
SM
MD
LG