Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои Тоҷикистон имрӯз ҳам боронӣ хоҳад буд


Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки ҳавои шаҳри Душанбе имрӯз ҳам абрӣ шуда, кам-кам борон меборад ва раъду барқ дар назар аст, ҳаво аз 19 то 27 дараҷа гарм мешавад.

Ҳавошиносон дар шаҳри Хуҷанд ҳам ҳавои абрӣ, борон ва раъду барқро пешгӯӣ кардаанд , аз 17 то 22 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар нимаи аввали рӯз ҳаво абрӣ ва аммо баъдан софу беғубор мешавад, ҳарорат аз 21 то 30 дараҷаи болои сифр қарор мегирад.

Дар шаҳри Хоруғ баъд аз зӯҳр борон сахт ва раъду барқ дар назар аст, аз 15 то 18 дараҷа гарм мешавад.

Дар аксар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, ба ҷуз Ғарму Нуробод, ҳавои абрӣ ва борон дар назар аст, ҳаво аз 15 то 21 дараҷа ва дар ноҳияи Шаҳринав то 26 дараҷа гарм хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG