Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Эштон аз сафари Лавров ба Қафқози Шимолӣ


Иттиҳодияи Аврупо аз сафари вазири умри хориҷии Русия Сергей Лавров ба Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ интиқод кард.

Дар изҳороти масъули бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон гуфта шудааст, ки сафари вазир бидуни огаҳ сохтани Тифлис бо принсипи арҷгузорӣ ба якпорчагии Гурҷистон мухолиф аст.

Аз ин пеш мақомоти Гурҷистон сафари Сергей Лавров ба Абхозистон ва Осетияи ҷанубиро "дасисабозӣ" унвон карда буданд.

Вазири умури хориҷии Русия рӯзҳои 25 ва 26 апрел аз Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ дидан карда буд.

Дар ҷараёни ин сафар Русия ва ду кишвари ҷудоихоҳи Қафқози шимолӣ, аз ҷумла, дар бораи ҷорӣ кардани рафтуомади бидуни раводиди шаҳрвандон ба шумули низомиёни Русия созиш ҳосил карданд.
XS
SM
MD
LG