Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи ҲХДТ ба доди сокинони Қӯштеппа мерасад?


Сокинони ҷамоати Қӯштеппа мегӯянд, печидагии масъалаи манзили онҳо то ҳадде рӯшан шудааст.

Дар пасманзари кашокашҳо бар сари манзили қӯштеппагиҳо, ки чаҳор моҳ инҷониб идома дорад, вакили мардумӣ аз ҲХДТ, Давлаталӣ Давлатов, низ ба он ҷо рафта, бо мардуми маҳаллаи "Якуми май" сӯҳбат кардааст.
Ба қавли вакили мардумӣ Давлаталӣ Давлатов, рафтори "заминҷаллобон" масъалаи Қӯштеппаро боз ҳам печидатар кардааст...


Аммо ҷаноби Давлатов мегӯяд, онҳо на барои ҳалли масъалаи қӯштеппагиҳо, балки барои шарҳи нукоти паёми ахири раисҷумҳур бо мардуми ҷамоати "Россия", ки мавзеи "Якуми май" низ дар ҳамон қаламрав аст, гуфтугӯ доштаанд.

Бо ин ҳол, сокинони мавзеи "Якуми май" ё худ "Қӯштеппа" бо истифода аз фурсати муносиб мушкили худро бо вакили Маҷлиси Намояндагон дар миён гузоштаанд.

Давлаталӣ Давлатов
Давлаталӣ Давлатов гуфт, "мо ба ҳамин хулоса омадем, ки дар Қӯштеппа манзилҳои ободе, ки мардум зиндагӣ доранд, ҳифз шаванд. Ба як қисми дигари аҳолии деҳаи "Якуми май", ки аз хонаҳои худ маҳрум шудаанду ба замин мӯҷтоҷанд, аз қисмати заминҳои ғайрикорам, ки обӣ нестанд қитъаҳо барои бунёди манзил дода шавад. Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Саидмурод Тағоев низ ризоияти худро доданд. Ҳоло ин пешниҳодҳоро ба ҳукумат ироа мекунем."

Ба назар мерасад, бо оғози баҳси Қӯштеппа то кунун ва эътирози чанддаъфаинаи сокинони онҷо ва бозтоби бамаротиби вазъи ин мавзеъ дар матбуот, хабари дақиқ ба мақомоти аршади ҳукумати Тоҷикистон ироа нашудааст.

Беш аз 80 қитъаи замине, ки барои бунёди манзил дар Қӯштеппа тақсим карда шудааст, қисмати бештари он мавриди бозии, ба истилоҳ, "заминҷаллобон" қарор гирифтааст. Ба қавли вакили мардумӣ Давлаталӣ Давлатов, маҳз ҳамин рафтори "заминҷаллобон" масъалаи Қӯштеппаро боз ҳам печидатар кардааст.



Тӯтихон Саъдуллоева, раиси маҳалали "Якуми май" ба ин бовар аст, ки муносибати номатлуби "заминҷаллобон" боис ба пеш омадани нооромии зиндагии онҳо шудааст.

Вай гуфт, "вакили мардумии мо бо раиси ноҳия омаданд. Мо аз депутат хоҳиш кардем, ки ба мушкили мо расидагӣ кунанд. Мо дар интихобот овоз додагӣ ҳастем. Дар ҳақиқат "заминҷаллобон" беҳуда заминро банд кардаанд. Мо тарафдори давлат ҳастем. Бигузор аз инҳо заминҳоро кашида гиранд. Ба 83 оила замин дода шудааст, ки ҳамагӣ 21 хонавода манзил бунёд карда, зиндагӣ доранд. 15 нафари дигар пойдевор рехтаанд, дигарон заминро банд кардаанду нестанд, мо намедонем инҳо кӣ ҳастанд."

Дар пасманзари ҳаётӣ ва пураҳамият будани замини обӣ дар Тоҷикистон масъалаи Қӯштеппа ранги ҷиддӣ гирифтааст.



Ба қавли вакили мардумии Маҷлиси Намояндагон Давлаталӣ Давлатов, вақте ки заминҳои обӣ аз тарафи "заминҷаллобон" мавриди доду ситад қарор мегирад, ин сиёсати кишварро дар масъалаи замин ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад.

Ба назари ҷаноби Давлатов дар соли 1929 ҳангоми ба ҳисоб гирифта шудани заминҳои Тоҷикистон ташхис карда шуда буд, ки 93 дарсади ин кишварро манотиқи кӯҳистон дар бар гирифта, ҳамвории он ба ҳафт дарсад баробар аст. Ҳоло дар муддати ин як садсола чандин корхонаву нерӯгоҳҳо, биноҳои нав сохта шуд, ки замини ҳамвор ва хусусан замини кишти Тоҷикистон ҳоло камтар аз 7 дарсад мебошад.
XS
SM
MD
LG