Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ Рақибов ва ду хоҳару ҳамсарашро ба як соли шартии зиндон маҳкум кард


Имрӯз додгоҳи ноҳияи Файзобод ҳукм кард, ки сокини ин маҳал Атовулло Рақибов ва ду хоҳару ҳамсари ӯ ба як соли зиндони шартӣ маҳкум шаванд. Дар муҳокимаи судӣ, ки дирӯз шурӯъ шуд, айбдоркунандаи давлатӣ Рақибовро ба аъмоли ҷиноӣ гунаҳкор намуда талаб кард, ки ӯро ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум кунанд.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои ду хоҳар ва ҳамсари ӯ низ ду сол ҷазои шартиро тақозо карда буд. Гуноҳи Рақибов дар ин аст, ки ӯ шишаи экскаватори ҳамсояро ба ҳангоми даъвои сари харобкунии манзилаш дар рустои Заркамар шикастааст. Дар сӯҳбат бо Озодӣ баъди раҳо шудан аз мурофиаи додгоҳӣ Атовулло Рақибов чунин гуфт:

“Мо ҳозир баромада ҳамроҳи кӯдакон дар роҳ рафта истодаем. Ҳама нағз, ҳама саломат, шукри худо. Ҳама хурсандӣ доранд, ки моро аз маҳбас бароварданд. Ҳоло бояд биравем ва фикр кунем, ки дар масъалаи манзил чӣ мекунем.

Умедворам, ки ба як қарори сулҳомез мерасем. Мо ҳам тарафдори ин ҳастем, ки масъала бо роҳи сулҳомез ҳалли худро ёбад. Мо бояд бо якдигар ҳамдигарфаҳмӣ кунем”.

Гулрӯ Ибодова, ки баробари ҳамсараш дар додгоҳи имрӯза ба як соли шартии зиндон маҳкум шуд, дар сӯҳбат гуфт, ки тамоми умедаш ба “раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки ваъда додааст дар бунёди хонаи нав кӯмакаш хоҳад кард".

Мақомоти Файзобод Рақибовро дар бунёди ғайриқонунии манзил муттаҳам мекунанд, дар ҳоле, ки худи ӯ бо аҳли оилаи серфарзандаш бо ин иттиҳом розӣ нестанд. Дар давоми ду соли охир ӯ талош дорад таваҷҷӯҳ мақомоти баландпояи Тоҷикистонро барои ҳалли масъалаи манзили худ ҷалб кунад. Қазияи Атовулло Рақибов таваҷҷӯҳи расонаҳо, созмонҳои мудофеи озодии баён ва сафоратҳои хориҷиро ба худ ҷалб кардааст.

XS
SM
MD
LG