Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи мақоми баланди украинӣ, ки дар куштори журналист Гонгадзе айбдор мешавад


Як мақоми пешини баландпояи Украина барои куштори журналисти маъруф Георгий Гонгадзе дар додгоҳ ҳозир шуд. Олексий Пукач, ки дар гузашта раиси бюрои ҷосусии вазорати умури дохилаи Украина будааст, ҳанӯз соли 2009 боздошт шуда буд.

Ӯ феълан баландтарин мақомест, ки бо иттиҳоми куштори журналисти мунаққиди давлат ба додгоҳ равона шудааст. Гонгадзе соли 2000-ум аз ҷониби афроде рабуда шуда баъдан ҷасади аз сар ҷудошудаи ӯ пайдо шуд. Се коргари собиқи вазорати умури дохила барои қатли журналист ба мӯҳлати 12-13 сол равонаи зиндон шуданд.

Моҳи марти имсол додситонии Украина парванди ҷиноӣ боз карда ба таҳқиқи иттиҳоми марбут ба даст доштани президенти пешин Леонид Кучма дар куштори Гонгадзеро шурӯъ кард. Гонгадзе аз мунаққидони шадиди сиёсати Кучма маҳсуб мешуд.
XS
SM
MD
LG