Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳо ба ислоҳи Шӯрои ҷамъиятӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки раёсати Шӯрои ҷамъиятиро ба ӯҳда дорад (Акс аз бойгонӣ)
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки раёсати Шӯрои ҷамъиятиро ба ӯҳда дорад (Акс аз бойгонӣ)

Имрӯз, 29-уми апрел, дар Тоҷикистон аз понздаҳумин солрӯзи таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ таҷлил мешавад.

Аммо ин шӯро дар ҳоле аз понздаҳсолагии таъсиси худ таҷлил мекунад, ки ташаккулҳои сиёсии умдаи мухолифи давлат – Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва Ҳизби сотсиал-демократ (ҲСДТ) узвияти ин шӯроро надоранд ва кори онро муассир намедонанд.
Шӯрои ҷамъиятӣ бояд бозсозӣ ва ислоҳ шавад ва ҳукумат ҳамаи ихтиёроти худро дар идораи ин Шӯро бояд ба ҷомеаи шаҳрвандӣ вогузор кунад...


Аммо ҳизбҳои ҷонибдори давлат мегӯянд, ки Шӯрои ҷамъиятӣ нақши муҳиме дар пешбурди сиёсати ҷомеаи маданӣ дорад.

Ин шӯро дар соли 1996 бо ташаббуси давлат аз ҷумлаи ҳизбҳои сиёсӣ, ниҳодҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои вобаста ба ақаллиятҳои милливу мазҳабӣ таъсис шуд, ки то кунун раёсати онро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ба дӯш дорад.



ЗАРУРАТЕ БА ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ НЕСТ?

Ҳадафи таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар он замон мусоидат ба раванди ҳосил шудани ризоияти миллӣ дар ҷомеа ва ба даст овардани сулҳ дар кишвар буд.

Вале ҳоло зарурати вуҷуди ин шӯро дар маҳофили сиёсӣ ва расонаии кишвар мавриди баҳс қарор дорад. Бархе аз чеҳраҳои саршинос ва ҳизбҳои мухолиф мегӯянд, зарурате ба вуҷуди чунин шӯро нест, зеро он дар ҳалли масоили муҳими ҷомеа асаргузор набудааст.

Ба ҳар ҳол, ҷомеаи Тоҷикистон дар рӯбарӯи 15-солагии таъсиси ин Шӯро қарор гирифтааст ва ҳукумат мехоҳад таъкид кунад, ки Шӯрои ҷамъиятӣ роҳи муҳимеро сипарӣ намуда аст ва умри он боқист.

Олим Бобоев
Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (ҲИИ) ва вазири собиқи ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ин Шӯро майдон ва саҳнаи муҳиме барои матраҳ намудани андеша ва пешниҳоди гурӯҳҳои мухталиф ва асбоби таъсиргузор дар сохтмони ҷомеаи маданӣ дар Тоҷикистон аст.

Ӯ мегӯяд: "Дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши муҳиме доштааст. Зеро ин Шӯро имкон медиҳад, ки афкори қишрҳои ҷомеа ва пешниҳодҳо шунида шавад ва ба раҳбарияти сиёсии давлат расонида шавад. Раисҷумҳур вобаста ба ин пешниҳодҳо ба мақомоти кишвар дастуру супоришҳо медиҳад."

"МАСОИЛИ ҶИДДӢ БАРРАСӢ НАМЕШАВАД"

Сайидиброҳими Назар
Аммо Сайидиброҳими Назар аз пешвоёни ҲНИТ мегӯяд, Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон ба маънои томи калима Шӯрои ҷамъиятӣ нест ва ба ин шакл вуҷуд доштани он дар воқеъ маъние надорад. Ҳарчанд, мегӯяд ӯ, Тоҷикистон дар ҳақиқат ба як шӯрои ҷамъиятӣ ниёз дорад, ки майдони табодули афкори гурӯҳҳои сиёсӣ бошад.

Ҷаноби Назар мегӯяд: "Ман ҳам чанд муддат намояндаи ҲНИТ дар ин Шӯро будам. Масъалаҳои ҷиддӣ баррасӣ намешавад. Ҳамон якрангие, ки дар парлумон ва дигар ҷаласаҳо ҳаст, дар Шӯрои ҷамъиятӣ низ ҳамон якрангӣ ҳаст. Шӯрои ҷамъиятӣ хуб аст ба шарте, ки он ҷо назарҳо баён шавад, шунида шавад. Аммо агар фақат барои таъйиди барномаҳои ҳукумат бошад, ҳамин парлумон ҳам зиёдатист. Чӣ расад ба Шӯрои ҷамъиятӣ."

"ШӮРО БОЯД ИСЛОҲ ШАВАД"

Бояд гуфт, ки ҲНИТ аз як соли пеш, ба дунболи баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ба нишони эътироз аз тақаллубкорӣ дар шумориши оро аз Шӯрои ҷамъиятӣ хориҷ шуда буд.

Марат Мамадшоев
Аммо Марат Мамадшоев, коршиноси тоҷик мегӯяд, Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон ба сурати кунунӣ бештар ба як ниҳоди давлатӣ монанд аст, то ба ташкилоти ҷамъиятӣ. Вай мегӯяд, Тоҷикистон ба ин гуна шӯро ниёз надорад ва он бояд бозсозӣ шавад.

"Ин Шӯро бояд бозсозӣ ва ислоҳ шавад ва ҳукумат ҳамаи ихтиёроти худро дар идораи ин Шӯро бояд ба ҷомеаи шаҳрвандӣ вогузор кунад. Шӯрои ҷамъиятӣ бояд бо усулҳои дигар ташкил шавад ва бояд аз мансабдорони давлатӣ иборат набошад, балки аз аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ таркиб ёфта бошад. Он гоҳ ин Шӯро муассир хоҳад шуд ва ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, мисли мубориза бо фасод ва маҳалгароӣ ва масоили дигари иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард. Вале ба шакли кунунӣ он умуман лозим нест"
,-- афзуд ҷаноби Мамадшоев.

ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ БИДУНИ ҲНИТ ВА ҲСДТ

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, раҳбари мухолифони пешини давлат дар изҳороти ахири худ гуфтааст, ки Шӯрои ҷамъиятӣ дар муқобили Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин Тоҷикистон, ки як ташаккули муқтадир буд, таъсис шуда ва бо таъсиси он ҳукумат қасд дошт, ба ҷаҳониён бигӯяд, ки аксари аҳзоб ва созмонҳои сиёсӣ ва динӣ ҷонибдори мусолиҳа бо ҳукуматанд.

Ҷаноби Тӯраҷонзода гуфтааст, ниёзе дигар ба вуҷуди Шӯрои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон боқӣ намондааст.

Аммо ба ҳар ҳол, Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аз 15-солагии худ таҷлил хоҳад кард. Аммо таҷлил аз 15-солагии он дар пасманзари мухолифати гурӯҳҳои умдаи мухолиф ва ҳамоно норизо дар фазои даъватҳо ба ислоҳи ин шӯро доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG