Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Петреус раиси CIA таъин мешавад?


Генерал Дейвид Петреус, 26-уми марти соли 2011.
Генерал Дейвид Петреус, 26-уми марти соли 2011.

Раисиҷумҳури Амрико мехоҳад, собиқадори Ироқу Афғонистонро раиси хадамоти кашф таъин кунад.

Генерал Петреус ҳоло фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон аст ва акнун бояд сарварии CIA ё худ Идораи Марказии Кашфи ИМА-ро бар дӯш гирад, ки дар Тоҷикистон бо номи русии ТСРУ маъруф мебошад.

Раиси кунунии ин ниҳод, Леон Пенетта, ба мансаби вазири мудофиаи ИМА пешбарӣ
Зери раҳбарии Петреус дар Ироқ 4 000 лоиҳаи бинокорӣ иҷро шудааст. Аз ин ҷост, ки ӯро дар байни ироқиҳо “Шоҳ Довуд” ном гузошта буданд...
мешавад. Манбаъҳои огаҳ аз тасмимҳои Қасри Сафед мегӯянд, ин масъалаи кадрӣ аз он сабаб матраҳ аст, ки вазири феълии мудофиа Роберт Гейтс тасмим гирифтааст, баъд аз панҷ соли ифои вазифа ба истеъфо равад.

Тибқи ин барнома, генерал Петреус, ки дар моҳи июни соли 2010-ум фармондеҳии нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистонро бар дӯш гирифт, то охири соли равон ин вазифаро ба генерал-лейтенант Ҷон Ален хоҳад супурд. Ален дар гузашта фармондеҳии нерӯҳои нерӯҳои Амрико дар Ироқро бар ӯҳда дошт ва ҳоло муовини раиси ситоди марказии нерӯҳои ИМА мебошад.

Аз эҳтимол дур нест, ки президент Обама нафари наверо ба мақоми сафири Амрико дар Кобул низ таъин кунад. Ба қавли шореҳон дар давоми ду соли кори сафири кунунии ИМА дар Афғонистон, Карл Эйкенберрӣ, равобити ӯ бо президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай ба сардӣ гароидааст.

Тағйири кадрӣ замоне сурат мегирад, ки кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ бо ошӯбҳои мардумӣ рӯ ба рӯ шудаанд ва амалиёти ИМА дар Афғонистон марҳилаи муҳимеро пушти сар мекунад.
Шореҳон мегӯянд, Петреуси 58-сола ба Идораи Марказии Кашф таҷрибаи ғанӣ аз ҷангҳои Ироқу Афғонистонро бо худ хоҳад овард.

Корманди баландпояи пажӯҳишгоҳи American Enterprise Institute воқеъ дар шаҳри Вашингтон, Ҳаррӣ Шмидт мегӯяд: “Аснои иҷрои вазифа дар ҷангҳои Ироқу Афғонистон Петреус бо хадамоти кашф равобити зич дошт ва аз ин рӯ дар масъалаи ҳамкорӣ бо онҳо таҷрибаи муносиб ҳосил кардааст. Дар ҳолати ҷанг интизорӣ низ ҳамин аст.”

Соли 2003-ум, вақте амалиёт дар Ироқ оғоз ёфт, Петреус фармондеҳи фирқаи 101-уми ҳавобурд буда, то шаҳри Мавсил расида буд. Саҳми ӯ дар эҳёи назму суботи Ироқ хеле бузург номида мешавад. Зери раҳбарии Дейвид Петреус дар Ироқ 4 000 лоиҳаи бинокорӣ иҷро шудааст. Аз ин ҷост, ки ӯро дар байни ироқиҳо “Шоҳ Довуд” ном гузошта буданд.

Генерал Ален, ки эҳтимолан ба маснади фармондеҳии нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон пешбарӣ мешавад, дар солҳои 2006-07-ум фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар вилояти Анбори Ироқ буда, муваффақ шуд, ки қабилаҳои суннитаборони ироқиро на танҳо ба тарафи ИМА, балки ҳамчунон ба қиём бар зидди ал-Қоида сафарбар намояд.

Пешбарии Пенетта ба мақоми вазири мудофиа низ аз сӯи шореҳон пуштибонӣ шудааст. Ба гуфти онҳо, ӯ дар солҳои навадуми қарни гузашта раиси дастгоҳи президенти ИМА, Бил Клинтон, буд, ки бо муваффақият касри буҷетро рафъ намуд.

Шореҳон умедворанд, ки Пенетта харҷи ҳангуфти вазорати дифоъро ҳам ба назм медарорад. Як мансабдори амрикоӣ гуфт, ки тибқи нақша Петреус ва Пенетта ба кори нав дар моҳи июл шурӯъ мекунанд ва то он вақт Қасри Сафед имкон хоҳад дошт, ки пуштибонии Сенатро аз ин номзадҳо дарёфт намояд.
XS
SM
MD
LG