Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи Сурия барои ширкат дар ҷашни арӯсии шоҳзодаи Бритониё роҳ дода намешавад


шоҳзода Уилям бо арӯсаш Кейт Миддлтон
шоҳзода Уилям бо арӯсаш Кейт Миддлтон
Вазорати хориҷаи Бритониё гуфт, ки даъватномаи ширкат дар тӯи арӯсии хонаводаи шоҳӣ, ки барои Сурия низ ирсол шудааст, баъди саркӯби хушунатомези эътиразгорон дар ин кишвар бозпас гирифта мешавад.

Рӯзи ҷумъа бояд маросими ақди никоҳи шоҳзода Уилям бо арӯсаш Кейт Миддлтон баргузор шавад. Дар изҳороти мақомоти Бритониё омадааст, ки “Кохи Букингем ҳам бо Вазорати хориҷа мувофиқ буда, ҳузури сафири Сурия дар ин ҷашнро дуруст намешуморад”.
XS
SM
MD
LG