Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурӯҳи ҳуқуқи башар дар Сурия: На камтар аз 500 нафар кушта шуданд


Як созмони мудофеи ҳуқуқи инсон дар Сурия мегӯяд, ки дар паи саркӯби эътирозгарони зиддиҳукуматӣ дар чанд ҳафтаи ахир дасти кам 500 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Аз рӯи маълумоти созмони “Савосияҳ” ҳазорҳо нафари норозӣ аз ҳукумати Башор Асад ба зиндон андохта шуда, шумори хеле зиёдашон нопадид шуданд. Дар изҳороти нави ин созмон омадааст, ки куштори дасти кам 500 нафар сокини ин кишвар аз ҷониби онҳо таъйид шуда, аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват мешавад, ки барои хатми хунрезиҳо аз иқдоми сареъ кор бигиранд.

Изҳорот мегӯяд, ки ҳукумат барои саркӯби эътирозҳо дар шаҳри ҷанубии Даръо аз тонку гулӯлаандоз истифода карда ба ҷиноят алайҳи башарият роҳ доданд.
XS
SM
MD
LG