Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳи май Русия бензин содир нахоҳад кард


Русия гуфт, ки моҳи оянда аз содироти бензин даст кашида тамоми захираҳоро барои қонеъсозии талаботи бозори дохилӣ равона месозад.

Изҳороти муовини вазири энержӣ Сергей Кудряшон дар посух ба нигарониҳои ҳудудан бист минтақаи Русия садо дод, ки дар бораи камбуди захираҳои бензин гузориш доданд. Ҳолати баамаломада боис ба болоравии қиматҳо шудааст.

Нахуствазир Владимир Путин ба масъулин амр дод, ки вазъро зери назар бигиранд.


Бозори бензини Тоҷикистон асосан аз ҳисоби бензини содиршавандаи русӣ қонеъ мешавад. Оҷонсии Азия-Плюс аз қавли вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон навиштааст, ки “ин масъала набояд боиси ташвишу нигаронӣ шавад”.

Вазорат гуфтааст, ки Тоҷикистон ва Русия дар миёнаҳои моҳи апрел ба тавофуқи нав дар заминаи содироти бензин даст ёфтанд ва ҳоло ҷониби Тоҷикистон дар бораи тасмими нави Маскав расман огоҳонида нашудааст.
XS
SM
MD
LG