Пайвандҳои дастрасӣ

Cарусадои пулакӣ шудани роҳи Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ-Панҷи Поён сокинони Қумсангирро нигарон кардааст.

Сироҷиддин Наҷмиддинов, раиси ноҳияи Қумсангир, бо ҷонибдорӣ аз тарҳи пулакӣ шудани истифода аз ин роҳи байналмилалӣ, гуфт, дар сурати мавриди амал қарор гирифтани ин тарҳ буҷаи давлат ғанӣ гардида, ҳифз ва нигаҳдории сифати баланди ҷодаҳо низ осон хоҳад шуд.

Сироҷиддин Наҷмиддинов
Вай мегӯяд, "мо ҷонибдори таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ ҳастем. Фикр мекунед, он давлатҳо аз пеши худ тараққӣ карданд? Магар он ҷо ҳама чиз бепул аст? Мағзҳои онҳо аз баъзе мушовирони мо хеле беҳтар кор мекунад. Беҳуда пулакӣ накардаанд роҳҳояшонро. Фақат "салларо биёр гуфтему калла оварданд" нашавад, бояд баъзе нюансҳоро ҳал кардан даркор. Роҳи мо пулакӣ шавад, боз беҳтар, чунки таъмиру тармими роҳ саривақт анҷом мешавад. Ҳолати нигоҳдориаш хубтар мешаваду масъулият бештар. Лекин ин кор набояд норозигии мардумро ба миён орад, роҳпулӣ бояд аз ҳад зиёд муқаррар нашавад ва истиқоматкунандагони ноҳияи Қумсангир бояд аз пардохти маблағи роҳ озод бошанд."

"НАБОЯД ТАҚЛИД КУНЕМ"
Дар назар аст, роҳҳои Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Ваҳдат-Данғара ва роҳҳои мошингард ба самтҳои ҷанубу шарқи Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, барои бозпардохти қарзҳои хориҷие, ки барои бунёди ин роҳҳо дарёфт гардидааст, бояд ин роҳҳо ҳам пулакӣ шаванд...


Раиси ноҳияи Қумсангир ба эътирозҳои пайвастаи сокинони ноҳияи Варзоб дар мавриди роҳи пулакӣ низ таъкид кард, ки бо пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ равуои онҳо ба самти пойтахт мушкил шудааст. Ба гуфтаи ӯ, бояд аз роҳҳое истифода кард, ки сокинони Қумсангир ҳам мувоҷеҳ ба ин мушкил нагарданд.

Сабзалӣ Одинаев, раиси ситоди Оҷонси зиддикоррупсионии вилояти Хатлон, гуфт, ҳукумати маҳаллӣ ҳуқуқи тасмим гирифтан барои пулакӣ кардани ҷодаҳоро надорад, бахусус, роҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа-Панҷи Поёнро. Ба гуфтаи ӯ, ҳама гуна тасмим бояд бо назардошти тавонмандии молии сокинони кишвар гирифта шавад, на бо тақлид ба кишварҳои мутараққӣ.

Сарусадоҳо дар мавриди эҳтимоли пулакӣ шудани роҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ-Панҷи Поён нигарониҳои сокинони маҳаллиро ба бор овардааст.

НАЗАРИ ЯК СОКИНИ ОДӢ

Ҷумъа Ғаюров, як сокини Қумсангир
Ҷумъа Ғаюров, аз сокинони солманди ноҳияи Қумсангир, мегӯяд, пулакӣ шудани роҳи мазкур бештару пештар аз ҳама ба вазъи зиндагии сокинони маҳаллӣ таъсир хоҳад расонид.

Вай мегӯяд, "асосан одамони нодор аз пулакӣ шудани роҳ азият хоҳанд кашид. Бисёре аз мардон имрӯз тавассути мошинҳояшон, ки ҳамчун такси истифода мекунанд, барои рӯзгорашон даромад доранд. Ҳамаи инҳо зарар мебинанд. Яъне ин кор бар зарари аксари мардуми маҳаллӣ мебошад. Лекин барои одамони сарватманд шояд пулакӣ шудани роҳ ягон аҳамият надошта бошад, ба зиндагиашон таъсири бад нарасонад."

ВАЪДАИ ВАЗИРИ СОБИҚ ВА БЕЭЪТИМОДИИ СОКИНОН

Роҳи байналмилалии Дӯстӣ-Панҷи Поён бо сармояи ду миллиондолларии давлати Ҷопон азнавсозӣ шудааст. Соли гузашта вазири собиқи нақлиёту мухобироти Тоҷикистон Олимҷон Бобоев, зимни боздид аз ноҳияи Қумсангир, "тарс"-у гумонҳои сокинони маҳаллиро дар мавриди эҳтимоли пулакӣ шудани роҳи мазкур рад карда буд.

Вазири собиқ гуфта буд, ки "давлати Ҷопон маблағи бозсохти ин роҳро ба унвони қарзи бебозгашт дода ва низ барои нигаҳдории роҳ маблағи зиёд лозим нест." Дар зимн, ба гуфтаи вазири собиқ, "истифода аз роҳи мазкур пулакӣ нахоҳад шуд."

Аҳмадҷон Каримов
Вале Аҳмадҷон Каримов, сокини ноҳияи Қумсангир, мегӯяд, ҳоло аксари кулли мардум аз "ваъдахилофиҳо"-и вазорати нақлиёт нороҳат шуда, наметавонанд танҳо барои равуо аз роҳи автомобилгард маблағи изофӣ бипардозанд.

"Табиист, ки ба зиндагии ҳама таъсир мекунад. ҳоло, ки қиммати сӯзишворӣ баланд аст, агар роҳ ҳам пулакӣ шавад, нархи тамоми маводи дигари озуқа то чанд карат гаронтар мешавад. Ин ҳам дар ҳоле ки мардуми ноҳияи мо қашшоқанд, рӯзгорашонро базӯр пеш мебаранд. Бинед, ҳоло аз Қумсангир то шаҳри Душанбе 25 сомонӣ роҳкиро медиҳем, агар роҳ пулакӣ шавад, он пулро ронандаҳо аз мусофирон мегиранд. Бисёриҳо наметавонанд ба минтақаҳои дигар сафар кунанд, ҳуқуқи сокинони Қумсангир набояд маҳдуд шавад",-афзуд ӯ.

ТАҶРИБАИ ДУШАНБЕ - ЧАНОҚ

Тарозуи ширкати IRS дар Ҳушёрии ноҳияи Варзоб, ки ба чидани ҳаққи истифода аз ин роҳ машғул аст
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои соҳибназарон, агар давлат мехоҳад истифода аз роҳҳоро пулакӣ кунад, бояд роҳҳои алтернативии ройгон низ дошта бошад.

Масъулони ҳукумати Қумсангир мегӯянд, дар сурати пулакӣ шудани шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ-Панҷи Поён, шаҳрвандон метавонанд тавассути роҳҳои ҳамсояноҳияи Ҷилликӯл ва миёнароҳи рустоҳои ноҳия ройгон ба Қумсангиру Панҷи Поён бирасанд.

Аммо ба иддаои ронандаҳои собиқадор, роҳҳои миёни рустоҳо бисёр хароб буда, равуои мошинҳои сабукрав тақрибан берун аз имкон будааст.

То ин замон дар Тоҷикистон танҳо роҳи Душанбе-Чаноқ расман пулакӣ буда, истифода аз ҷодаҳои дигар дар кишвар феълан ройгон мебошад.

Аммо рӯзи чаҳоршанбеи 27-уми апрел Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, аз тарҳҳои роҳҳои пулакӣ пуштибонӣ карда, гуфт, ки пулакӣ шудани роҳҳо барои нигаҳдории вазъ ва сифати роҳҳо муҳим аст.

Ба гуфтаи вазир, дар назар аст то чанд соли дигар роҳҳои Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Ваҳдат-Данғара ва роҳҳои мошингард ба самтҳои ҷанубу шарқи Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, барои бозпардохти қарзҳои хориҷие, ки барои бунёди ин роҳҳо дарёфт гардидааст, бояд ин роҳҳо ҳам пулакӣ шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG