Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси зиндони Қандаҳор, ки аз он садҳо Толиб фирор кардааст, боздошт шуд


Ғулом Дастгир

Ғулом Дастгир

Тибқи гузоришҳо, раиси зиндони Қандаҳор ҳамроҳ бо чанд муовинаш дар робита бо фирори садҳо Толибону шӯришиён тавассути тунели зеризаминӣ боздошт шуд.

Генерал Ғулом Дастгир, ки раҳбарии яке аз зиндонҳои низомаш шадиди шаҳри ҷанубии Қандаҳорро ба ӯҳда дошт, дар ҷараёни таҳқиқи муқаддамотӣ боздошт шуд. Рӯзи душанбе ҳудудан 500 зиндонӣ, ки аксарияташонро Толибон ташкил медиҳанд, аз зиндон фирор карданд.

Ин дуюмин ҳодисаи фирори дастаҷамъии зиндониҳо аз маҳбасҳои Афғонистон дар давоми се соли охир мебошад. Вазири адлияи Афғонистон гуфт, ки эҳтимолан фирори ин афрод бо кӯмаки беруна сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG