Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қатли чаҳор эътирозгар дар Баҳрайн


Додгоҳи низомие дар Баҳрайн имрӯз чаҳор мардро дар куштори ду афсари полис дар ҷараёни эътирозҳои зиддиҳукуматӣ айбдор дониста онҳоро ба ҳукми қатл маҳкум кард.

Се нафари дигар ба ҳукми абади зиндон маҳкум шуданд. Ин ҳафт нафар дар паси дарҳои баста муҳокима шуда барои куштори аз пеш тарҳрезишуда айбдор дониста шуданд. Вакилони дифои ин гурӯҳ иттиҳомоти воридаро рад мекунанд.

Эътирозҳои зиддиҳукуматии Баҳрайн, ки ба раҳбарии мухолифини шиамазҳаб шурӯъ шуд, боис ба оғози мавҷи эътирозҳову ошӯбҳои зиддиҳукуматӣ дар ҷаҳони Араб гардид. Дар паи саркӯби эътирозҳо, дасти кам 20 нафар, аз ҷумла чаҳор нафар дар боздоштгоҳи полис кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG