Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳолии Чин афзуда ба 1,34 миллиард баробар шудааст


Натиҷаҳои маъракаи нуфусшумории Чин ҳокист, ки ҷамъияти ин кишвар ба 1 миллиарду 340 миллион нафар баробар шудааст. Арқоме, ки аз ҷониби Бюрои миллии омор нашр шуд, мегӯяд, ки аз соли 2000-ум ба ин сӯ ҷамъияти ин кишвари осиёӣ 6 % ё наздики 74 миллион нафар афзудааст.

Илова ба ин, ҷамъияти ин кишвар боз ҳам солхӯрдатар шуда, шумори наврасони то 14-сола аз 23 дар сад дар соли 2000-ум ба 17 дар сад дар соли 2010 коҳиш ёфтааст.

Шумори сокинони аз 60-сола боло се дар сад афзуда 13 фоизи кулли ҷамъитяи Чинро ташкил медиҳад. Тақрибан нисфи аҳолии ин кишвар дар манотиқи шаҳрнишин ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG