Пайвандҳои дастрасӣ

Адами мувофиқаи аъзои Шӯрои амният барои маҳкумияти хушунатҳои Сурия


Александр Панкин

Александр Панкин

Шӯрои амнияти СММ натавонист барои қабули қатъномаи маҳкумкунандаи хушунатҳои Сурия дар паи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ, ки боист ба ҳалокати садҳо нафар шудааст, ба мувофиқа даст ёбад. Талошҳое ба раҳбарии Ғарб барои қабули изҳороте ба ин манзур аз ҷониби Русияву Чин ноком шуд.

Муовини сафири Русия дар СММ Александр Панкин дар ҷаласаи Шӯрои амният имрӯз гуфт, ки Маскав бовар надорад, ки саркӯби эътирозгарон дар Сурия боис ба эҷоди хатар хоҳад шуд. Вай гуфт, ки мудохилаи беруна ба умури Сурия метавонад ҷанги шаҳрвандиро дар ин кишвар доман занад.

“Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки аз дидгоҳи мо вазъияти имрӯзаи Сурия, новобаста аз ташаннуҷ ва болоравии зиддиятҳо, боз ҳам ба сулҳ ва амнияти байналмилалӣ таҳдид намекунад”.

Фиристодаи Русия афзуд, ки аъзои нирӯҳои амниятии Сурия дар ҷараёни ошӯбҳо кушта шуданд. Вале раиси идораи умури сиёсии СММ Линн Паскуа бо ин вуҷуд гуфт, ки дар робита бо ҳамлаи нирӯҳои амниятӣ болои эътирозгарон чанд гузориши қобили эътимод ба даст омадааст. Паскуа гуфт, ки аз рӯи маълумоти шоҳидон, дар ҷараёни саркӯби ошӯбгарон аз миёнаҳои моҳи март аз 350 то 400 кас ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG