Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обама номзадии Дэвид Петреусро ба мақоми сарвари CIA ё Хадамоти марказии кашф пешбарӣ мекунад.

Фармондеҳи феълии нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон дар ин мақом Леон Панеттаро иваз хоҳад кард, ки қарор аст, дар навбати худ, курсии вазири дифои ИМА-ро ишғол кунад. Раҳбари Пентагон Роберт Гейтс қаблан изҳор карда буд, ки соли равон мақомашро тарк мекунад.

Дэвид Петреус, ки моҳи июни соли гузашта фармондеҳии нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистонро бар дӯш гирифта буд, зимоми раҳбарӣ ба низомиёни кишварро дар ихтиёри генерал-лейтенант Ҷон Аллен мегузорад.

Изҳороти раисҷумҳури Амрико, Барак Обама, дар бораи тағйироти кадрӣ имрӯз нашр хоҳад шуд.



ЭЙКЕНБЕРРӢ КОБУЛРО ТАРК МЕКУНАД

Интизор меравад, Барак Обама дар бораи иваз кардани сафири ИМА дар Афғонистон низ амр содир кунад. Гуфта мешавад, муносибати сафири феълӣ Карл
Райан Крокер
Эйкенберрӣ бо раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва бо низомиёни воломақоми амрикоӣ дар Кобул сард аст.

Эйкенберриро дар ин мақом Райан Крокер изваз хоҳад кард, ки аз ин пеш сафири Амрико дар Ироқ, Покистон, Сурия, Кувайт ва Лубнон буд.

Сару садоҳо дар бораи тағйироти калидӣ дар ҳукумат чанд ҳафта боз идома доштанд.

Тағйири кадрҳо дар ИМА дар ҳоле сурат мегирад, ки соли равон дар ҷанги Афғонистон “сарнавиштсоз” унвон мешавад ва Вашингтон дар пасманзари ҳаводиси ахир дар шимоли Африқо ва Ховари Миёна мехоҳад сиёсати берунааш бо кишварҳои арабиро таҷдиди назар кунад.

CIA БА ТАҶРИБАИ ПЕТРЕУС НИЁЗ ДОРАД

Ҳарри Шмидт, раиси барномаҳои таҳқиқоти стратегӣ дар Пажӯҳишгоҳи соҳибкории Вашингтон мегӯяд, Дэвид Петреус тайи чанд соли ахир бо CIA робитаи зич дошт ва дар мақоми ояндааш ин таҷриба кор хоҳад дод.

Генерал Дэвид Петреус
Ба гуфтаи ӯ, Петреус “ҳангоми ширкаташ дар ҷанг ва дар мақоми раҳбари Ситоди марказии фармондеҳӣ буданаш дар робита ба низоъҳо бо хадамоти кашф ҳамкории хело наздик дошт. Аз ин рӯ, ӯ робитаи кории хубе бо идораи кашф дорад, ки мо дар замони ҷанг интизор доштем.”

Генерал Дэвид Петреус аз шурӯи ҷанг дар Ироқ дар соли 2003 дар ин кишвар буд.

Генерал Ҷон Аллен, ки қарор аст ҷойгузини Петреус дар Афғонистон шавад, низ аз собиқадорони ҷанги Ироқ маҳсуб мешавад. Вай солҳои 2006 ва 2007 фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар вилояти ноороми Анбор буд.

Гуфта мешавад, бо ибтикори Аллен раҳбарони қабилаҳои маҳаллӣ ба мубориза бо шабакаи “Ал-Қоида” бо амрикоиҳо ҳамроҳ шуданд.

ПАНЕТТА МАСРАФОТИ НИЗОМИРО КОҲИШ ХОҲАД ДОД


Коршиносон ба таъйин шудани Леон Панетта дар мақоми вазири дифои Амрико низ назари нек доранд. Кохи Сафед умедвор аст, ки Панетта на фақат дар ҳалли масоили низомӣ муваффақ мешавад, балки ба масрафоти беҳуда дар Пентагон хотима мегузорад.

Ӯ солҳои 90-ум, замони раёсатҷумҳурии Бил Клинтон, раиси дафтари Кохи Сафед буд ва дар коҳиши касри буҷаи федеролӣ саҳми калидӣ дошт.

Қарор аст, Дэвид Петреус ва Леон Панетта моҳи июл ба ифои вазифа шурӯъ кунанд, аз ин пештар номзадии онҳо бояд аз сӯи Сенати ИМА пазируфта шавад.
XS
SM
MD
LG