Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муаррифии Кароматулло Олимов


Кароматулло Олимов, ноиби президенти Академияи улуми Тоҷикистон, бахши форсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар соли 1964 хатм кардааст. Бо хатми аспирантура дар соли 1971, рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад.

Аз солҳои 1974 то 77 ва аз соли 1980 то 1984 дар Афғонистон кор кардааст. Сипас, боз дар Академияи улуми Тоҷикистон ба таҳқиқу пажӯҳиш идома медиҳад. Чанд вақт ба ҳайси мушовири идеологии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Кароматулло Олимов ҳамчунин дар солҳои гуногун узви Комиссияи оштии Миллии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси Намояндагон, вазири фарҳанг ва мушовири давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон будааст. Минбаъд дар вазифаҳои директори Институти фалсафа ва директори Институти шарқшиносии Академияи улуми Тоҷикистон кор кардааст.

Доктори илми фалсафа, муаллифи 5 асар ва наздик ба 200 мақолаи илмӣ аст. 4 фарзанд дорад.
XS
SM
MD
LG