Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харобкориҳои торнадо дар ҷануби Амрико


Дар ҷануби ИМА шабонарӯзи гузашта бар асари тӯфон дар баҳру торнадо дасти кам 60 нафар ба ҳалокат расиданд.

Теъдоди қурбониён аз ҳама бештар – 45 нафар дар аёлати Алабама аст. Дар аёлати Миссисипи 11 нафар қурбони офати табиӣ шудаанд. Садҳо нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Аз офатҳои табиӣ аз ҳама бештар шаҳри Тускалуза дар Алабама зарар дидааст.

Ба гуфтаи ҳавошиносон, тундбоду борон ва торнадо ба шимолу шарқи Амрико - аз Техасу Ҷорҷия ба Каролинаи Ҷануб ва Шимолӣ мекӯчанд.

Дар бисёр манотиқи ҷануби Амрико вазъи изтирорӣ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG