Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амнияти СММ ба маҳкумсозии Сурия муваффақ нашуд


Шӯрои амнияти СММ рӯзи чаҳоршанбе барои ҳамоҳанг сохтани матни изҳорот, ки дар он истифодаи нерӯ алайҳи ширкаткунандагони намоишҳои мухолифин дар Сурия маҳкум шудааст, муваффақ нашуд.

Ба матни изҳорот Русия, Чин ва Лубнон мухолифат карданд. Хабаргузории Франс Пресс гуфтаҳои як дипломати русро овардааст, ки дахолат ба низоъ метавонад боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия шавад.

Мақомоти Сурия ба шаҳри ҷанубии Даръо, ки ба макони аслии намоишҳои зиддиҳукуматӣ табдил шудааст, нерӯҳову зиреҳпӯшҳои иловагӣ интиқол медиҳанд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, то шоми чаҳоршанбе дар Даръо садои таркишу тирандозӣ ба гӯш мерасид.

Дар сартосари Сурия боздошти мухолифини ҳукумати Башор Асад идома
дорад.

Рӯзи чаҳоршанбе вазоратҳои умури хориҷии Фаронса, Бритониё, Олмон, Италия ва Испания ба нишони эътироз алайҳи аъмоли мақомоти Димишқ сафирони худро аз Сурия бозхонданд.

Қарор аст, ки рӯзи ҷумъа Иттиҳодияи Аврупо имкони ҷорӣ кардани таҳримҳот алайҳи Димишқро баррасӣ кунад.

Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, бар асари саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ дар шаш моҳи ахир беш аз 450 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG