Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар низоъ дар канори Кобул амрикоиҳо кушта шудаанд


Ҳамаи нӯҳ нафаре, ки дар канори фурудгоҳи Кобул бар асари оташ кушодан аз сӯи як халабони афғон кушта шудаанд, шаҳрвандони Амрико буданд.

Намояндагони вазорати дифоъи ИМА бо тайиди ин хабар гуфтанд, ки дар ин ҳодиса як нафари мулкӣ ва ҳашт низомӣ ба ҳалокат расидаанд.

Моҷаро дар ҷараёни як ҷаласа бо мушовиронии хориҷӣ дар тамрингоҳи низомии наздикиҳои фурудгоҳи Кобул бо тирандозӣ анҷом ёфт. Ба иттилоъи вазорати дифоъи Афғонистон, халабон, ки дар оташи ҷавобӣ кушта шудааст, аз собиқадорони нерӯҳои ҳавоии кишвар буд.

Намояндагони ҷунбиши «Толибон» дар навбати худ гуфтанд, ки як мусаллаҳи онҳо бо либоси низомӣ вориди тамрингоҳ шуда, сӯи амрикоиҳо оташ кушодааст.
XS
SM
MD
LG