Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши муқаддамотии "Фатҳ" ва ҲАМОС


Ҷунбишҳои фаластинии «Фатҳ» ва ҲАМОС дар мавриди ташкили ҳукумати муваққати муштарак созиши пешакӣ ҳосил карданд.

Ба иттилоъи хабаргузории мисрии МЕNА, мулоқоти ҳайатҳои ин ҷунбишҳо дар Қоҳира баргузор шуд.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ҳукумати муваққат аз ҳисоби номзадҳои мустақил ташкил шавад. Ин ҳукумат ба ташкили интихоботи мақомоти иҷроияи ва қонунбарор омодагӣ хоҳад гирифт, ки қарор аст ҳам дар наҳори Ғазза ва ҳам дар Каронаи бохтарии руди Урдун баргузор шавад.

Ҳамчунин ҳайатҳо дар бораи ташкили сохторҳои муштараки амниятӣ ва табодули маҳбусон ба тавофуқ расиданд.
XS
SM
MD
LG