Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барселона" дар Мадрид аз болои "Реал" пирӯз шуд


Дар бозии ниманиҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Лигаи чемпионҳои УЕФА дастаи “Барселона” аз болои “Реал” бо ҳисоби ду бар сифр пирӯз шуд. Ҳарду тӯбро Леонел Мессӣ ба дарвозаи “Реал” зад. Бозии такрорӣ миёни ин ду даста рӯзи 3 май дар Барселона баргузор мешавад.

Аз ин пеш дар дигар бозии ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳои УЕФА дастаи “Манчестер Юнайтед”-и Англия аз болои дастаи “Шалке О4”-и Олмон низ бо ҳисоби ду бар сифр пирӯз шуда буд. Голҳоро ба дарвозаи Шалке Гигз ва Рунӣ заданд. Ин дастаҳо рӯзи 4 май дар Манчестер дубора вориди сабқат мешаванд.

Бозии ниҳоӣ барои бонуфузтарин ҷоми футболи Аврупо рӯзи 28 май дар майдони “Уэмбли”-и Лондон доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG