Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Инак, боз моҳи май расид ва ҷашни Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ наздик аст. Боз дар гӯшаи хотираҳо ёди он рӯзҳои мудҳиш, набардҳову қурбониҳо, корномаи аскарони гумному, хатҳои сиёҳи даруни борхалтаи хаткашон, ки баробари расиданаш ба дасте ғиреву нолаи модарону хоҳарон ва ҳамсарону тифлон ба фалак мепечид, рӯ зад.

Ман низ хотироте дорам аз он айём. На, албатта, аз ҷанг не, балки аз зиндагии собиқадорони ҷанг. Падари ман низ яке аз иштирокдорони ин ҷанг ва аз муборизони муҳорибаҳои Белорусия буд. Аммо дар бораи ҷанг ва корномааш қариб, ки гап намезад ва суолҳоеро ҳам дар ин маврид хуш надошт. Агар ӯро ба ҷону ҳолаш намонда, ба ягон вохӯрие мебурданд, ҳатман баъди он фишори хунаш боло мерафт ва то чанд муддат маризи бистарӣ мешуд.

Вале дӯстони қадрдоне дошт, ки шояд барои он ки падарам марди коргару ҳолманд ва хоксору камгап буд ва кору борашро монда, ба ягон ҷо сафар карданро дӯст намедошт, ҳатман дар арафаи иди Ғалаба ҳамполконаш аз Белорусия амаки Леонид аз Маскав, Константин Савелев ва аз Узбакистон амаки Ғуломҷон ба Душанбе меомаданд. Мо фарзандон ҳар сол роҳи дӯстони падарамро интизорӣ мекашидем.

Ёдам ҳаст, дар арфаи иди Ғалаба ташвишу тараддуди модарам хеле зиёд мешуд. Чунки дӯстони ҳамнабард падарам фатирҳои варақин ва қурутобҳои модарамро хеле дӯст медоштанд. Падарам баробари гирифтани телеграммаи дӯстонаш субҳи барвақт намози бомдодро хондаву костюми хокистариашро, ки пеши бараш пур аз медалҳо буд ба тан карда ба фурудгоҳ мерафт. Он костюми падарамро ки аз бори ордену медалҳо вазнин буд, ману бародарам пинҳонӣ бо ҳавас борҳо пӯшида, дар пеши оинаи қаднамо худнамоӣ мекардем.

Падарам ва дӯстони ҳамсангараш аввалин коре, ки мекарданд, аз фурудгоҳ рост ба чойхонаи Роҳат рафта, як болои кат дастархон меоростанду сари як пиёла чой сӯҳбат мекарданд. Боре дар чунин як дидорашон падарам маро низ бо худ бурда буд.

Ман сӯҳбати ин дӯстони қаринро гӯш мекардаму лаҳзаҳои филмҳои дар бораи ҷанг дидаамро пеши назарам мевардам. Онҳо дуру дароз сӯҳбат мекарданд, ки дар лобалои он гиря ҳам буду хандаҳои қоҳ-қоҳ ва сурудҳои замони ҷанг низ. Мо медидем, ки ҳамяроқони падарам ба нишони эҳтироми падарам, ки марди парҳезкору намозгузор буд, дар нишастҳояшон шаробро роҳ намедонанд. Чойи кабуд менӯшиданд. Онҳо дар поёни ҳар нишасташон чӣ дар хонаи мо ва чӣ дар чойхонаи Роҳат ҳатман суруди дӯстдоштаи худро, ки «Синий платочек» ё «Сарбанди кабуд» ном дошт, мехонданду оби дида мерехтанд, зеро мӯҳтавои ин суруд сар то по ҳолу ҳавои ҷанг, интизориҳову дӯстдориҳо, дурӣ аз ватану ёру дӯстон ва азобу шиканҷаи наздик овардани рӯзи Ғалабаро дар худ маҳфуз дошт. Ва агар аз карнаи радиоузелҳое, ки дар хиёбонҳои Душанбе насб шуда буданд, суруди «Ден победи» ё «Рӯзи ғалаба»-ро бо забони русӣ ва ё иди «Иди Зафар»-ро бо садои Шоиста Муллоҷонова мешуниданд, медидам ки чашмони ин паҳлавонони майдони набард медурахшид ва беихтиёр қоматҳояшонро мисле, ки дар саф истода бошанд, рост мегирифтанд.

Ман агарчӣ хурд будам,вале муҳшоҳида мекардам,ки ҷавонон ва кулли мардум ба ин мардони майдони набард бо як нигоҳи саршор аз сипосу эҳтироми хосса назар мекарданд ва даст пеши бар гирифта, дар хиёбонҳо саломашон медоданду дар рузҳои иди Ғалаба, Якуми май ва 23-юми феврал аз ҷониби ҳукумат барояшон мошин ҷудо карда мешуд, ки ба ҳар ҷои дилхоҳашон ва ё ба аёдати ҳамдигар ва нишасту вохӯриҳо мерафтанду бағалҳояшон пур аз тӯҳфаҳову гулдастаҳо бармегаштанд.

Ҳар тобистон Иттифоқи ветеранҳои ҷанг барои падарам роҳхат барои истироҳат дар беҳтарин истироҳатгоҳҳоро медод. Падарам, ки маъюби ҷанг буд, вале шикояту табобатро хуш надошт, духтурон дар хона омада аз ҳолаш хабар мегирифтанду доруву дармони ройгонаш мекарданд. Дар фасли зимистон барои мо аз ҷониби ҳукумат ангишту ҳезум меоварданд. Нафақаи падарам басанда буд, ки ҳафт нафари мо бо либосу ашёи таҳсил ва хӯрду хӯроку либоси беҳтарин таъмин бошем.

Солҳои баъд падарам ба ҷои телеграмаи дустонаш аз Белорусияву Маскаву Узбакистон бо мазмуни «Интизор шав, меоям», аз номи пайвандони онҳо бо мазумни дигар, «дӯсти шумо вафот кард» мегирифт ва оби дидагонаш қад-қади риши сап-сафедашро шуста, поин мешуд, ки манзараи омадани хатти сиёҳро аз ҷанг пеши назар ҷилва медод. Ва рӯзи ҷанозаи падарам, ки дар қатори ҳама ҷойи дӯстонаш холӣ буд, дар хотирам нақш бастааст. Ҳар бор ки табақи қурутобу фатири варақинро мебинам ва ё гузорам ба атрофи чойхонаи Роҳат меафтад, мурғи хотираҳоям боз ёдҳоямро рӯйи бол гирифта, ба он солҳо мебарад ва падарамро дар ҳалқаи дӯстони ҳамнабардаш мебинам.

Ҳоло дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе қомати хаму дар такияи асо ва чеҳраҳои ожангбастаи собиқадорони Ҷанги дуввуми ҷаҳон қариб ки ба чашм намерасад. Агар бахше аз онҳо боқии умри худро дар ҳалқаи пайвандону зери парастории онҳо пушти сар гузошта бошанд, бахши дигар даврони пиронсолии худро дар хориву зорӣ, нодорӣ ва бархе дар хонаи бесоҳибон гузарониданд.

Ҳар чизе кам аст, қадраш афзун аст, гуфтаанд. Акнун дар рӯзҳои иди Ғалаба барои як ветерани ҷанг чанд мактабу донишгоҳ талош ва ҳатто бо ҳам хархаша мекунанд, то ин ки ин мардони акнун пиру афтода, ки ангуштшуморанд костюмҳои куҳнаву рангпаридаашонро бори дигар аз бори чанг раҳо кардаву ордену медалҳояшонро овехта, базӯр-базӯр қадам монда, дар маҳфили онҳо пайдо шаванд.

Онҳо акнун бесару бар қисса мекунанд корномаи ҷангиии худу ҳамсангаронашро. Чунки дигар мағзу мадорашон фармонбардорӣ онҳо нест ва ин мӯҷиби пайдо шудани бархе латифаҳову хушгӯиҳо дар бораи онҳо низ шудааст.

Дар иди Ғалабаи соли гузашта дар яке чунин нишастҳо чашмам ба пирамарде уфтод, ки тарибан синнаш ба сад расида буду бори қомати дутоашро дигар асо ҳам базӯр мекашид. Ӯ мисли кӯдаки кунҷкове ҳайрон-ҳайрон ба ҳозирон нигоҳ мекарду намедонист, ки ӯро барои чӣ ин ҷо даъват кардаанд ва аз ӯ чӣ мехоҳанд. Садри маҷлис ҳар бор ки даҳонашро ба гӯши вазнини пирамард наздик бурда, бо садои баланд суол медод, ҳозирон механдиданд.

Шоҳиди ҳодисае дигаре будам, ки диданаш хеле сахт буд бароям. Баробари дар истгоҳ қарор гирифтани троллейбус пирамарде, ки костюми қуҳнаву дарбеҳдор дар тан дошт ва чанд медале сари синаашро оро медод, бо дастони ларзон дари троллейбусро маҳкам дошта, хост савори он шавад. Ҷавони тануманди кондуктор бо ғазаб дасти пирамардро тела дода гуфт: «Эъ куҷо зӯр мекунӣ? Дар як кунҷи хона шинӣ, мемурӣ. Э рафта гӯру кафанта тиёр кун. Кошки роҳкиро диҳӣ. Як дафтарчаи аз Дақёнус мондагитона нишон медиҳену тамом. Безор кардед.»

Вақте чанд нафар ба ҷонибдории пирамард хеставу ҷавони беодобро коҳиш карданд ва пирамардро ба троллейбус савор карданд, ҷавон паст намеомад ва мегуфт, «Э дар куҷо ҷанг кардай ҳамин. Аз куҷое ду тунукара ёфта, дар пеши баруш задай, дига ҳама бояд хизмати ира кунанд?»

Ин дам чашмам ба пирамард афтод, ки оби дида мерехт ва бо садои хаставу ларзон ҳарферо ба забон овард, ки аз шуниданаш вуҷуди маро ба ҷои он ҷавони кондуктор такон дод. «Илоҳо ба пирӣ нарасӣ, илоҳо мӯйи сафедро набинӣ!» -- гуфт пирамард ва бо ҳамин ҳарф гуё тамоми андӯҳи гарон ва ранҷишашро берун рехт.

Ман, ки он лаҳза теғи хунчакони ин дуои пирро дар пайкари худ эҳсос кардам, ба худ гуфтам, кош ба таъбири мардум, гӯши малоики даргузар кар шаваду ин дуо мустаҷоб нагардаду он ҷавон ба пирӣ бирасад. Вале ба чӣ гуна пириву чӣ гуна зиндагӣ? Ба ин чиз вақт довар хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG