Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо вазъи Сурияро баррасӣ мекунад


Тазоҳурот дар шаҳри Бониёс дар рӯзи 26 апрел

Тазоҳурот дар шаҳри Бониёс дар рӯзи 26 апрел

Иттиҳодияи Аврупо дар як нишасти вижа дар Брюссел, масъалаи эъмоли таҳримҳо алайҳи Сурияро баррасӣ мекунанд, ки танбеҳ барои саркӯбии бераҳмонаи тазоҳургарони зиддидавлатӣ аст. Майкл Менн сухангӯи дафтари Кетрин Эштон, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодия Аврупо, дар ин бора имрӯз гуфт:" Тамоми гузинаҳо баррасӣ мешавад, вале ҳоло маълум нест, ки мо чӣ кор мекунем. Мо то кунун амалкардҳои режими Сурияро маҳкум кардаем. Мо ҳамеша зӯроварӣ алайҳи мардумро маҳкум кардаем ва эътимоди комил дорем, ки тирандозӣ ба рӯи тазоҳургарон ғайриқобили қабул аст.” Интизор меравад, имрӯз Шӯрои Амнияти Созмони Милал низ саркӯбии тазоҳургарон дар Сурияро баррасӣ кунад. Шӯрои ҳуқуқи инсони созмон низ рӯзи ҷумъа вазъи Сурияро баррасӣ мекунад, ки тайи шаш ҳафтаи гузашта дар онҷо 400 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG